ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар робита ба вазъи феълӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, имрӯз ду маротиба суҳбати телефонӣ миёни раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи Бодканди Қирғизистон Омурбек Суваналиев сурат гирифт, менависад Sputnik Қирғизистон.
Гуфта мешавад, дар баробари суҳбати телефонии мақомдорон, ҳамчунин миёни сокинон низ корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷараён дорад.
Аз ҷумла, аз сокинони назди марзӣ даъват карда шуд, ки ба хонаҳои худ раванд, чун вазъият таҳти назорати амниятӣ қарор дорад.
Ин хабар дар ҳолест, ки чанде пеш котиботи Қушунҳои КДАМ Тоҷикистон аз ҷароҳатдор шудани ду сокини 32 - солаи Чоркӯҳ аз дасти шаҳрвандони Қирғизистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, муноқиша яке соати 10:45 ва дигаре 11:30 сурат гирифт ва дар ҳар ду ҳолат аз камони шикорӣ ду ҷавон - Амаков Оқил ва Самадов Саттор ҷароҳатдор шуданд.
Пизишкон вазъияти Амаковро, ки аз қисмати пешонӣ захм бардошт, вазнин арзёбӣ мекунанд.