Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон: ягона роҳи ҳалли мушкилоти марзӣ ин музокирот аст

Сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода бо ҳамтои қирғизаш барои ҳалли муноқишаи марзӣ як нишасти изтирорӣ баргузор кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода ва Сарвазири Қирғизистон Улукбек Марипов мулоқоти дуҷонибаи ғайринақшавӣ бахшида ба ҳалли муноқиша дар марзро баргузор карданд.
"Дар мулоқот сарони ҳукуматҳои ду кишвар вазъи кунунии дар марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Ҷонибҳо омодагии комили худро барои зудтар ҳал кардани вазъ дар марзи ду ҷумҳурӣ тавассути гуфтушунид изҳор карданд", - иттилоъ додааст ҳукумати Қирғизистон.
Дар ҷараёни музокирот сарвазирони ду кишвар қайд карданд, ки истифодаи қувва дар ҳалли масъалаҳои марзӣ ғайриқобили қабул аст ва зарурати андешидани чораҳои фаврӣ барои пешгирии ташдиди минбаъдаи низоъро изҳор доштанд.
Ёдовар мешавем, ки санаи 28-уми апрел, сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар наздикии Маркази тақсими оби "Головной" дар марз муноқиша карданд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазорати дифоъ: “Ин муноқиша аст, ҷанги ду кишвар нест”
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҳодиса 7 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дастикам ду сокини ин кишвар маҷруҳ шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд.
Ҷанҷол баъд аз он оғоз шуд, ки Тоҷикистон хост, дар наздикии Маркази тақсими об дурбинҳои назоратӣ насб кунад. Ба иттилои сокинони Хоҷаи Аъло, пештар дар он ҷо мақомоти Қирғизистон чунин дурбин насб карда буданд, вале марзбонони кишвари ҳамсоя ба насби дурбин аз ҷониби Тоҷикистон мухолифат кардаанд.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазирони корҳои хориҷӣ суҳбат карданд: Тоҷикистон ба низоми оташбас гузашт
Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.
Муноқиша дар як минтақа сарзад, ки он замон раҳбари вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев дар минтақаи бетарафи ҳудудӣ барои ҳалли низоъҳо мулоқот мекарданд.
Ҷонибҳо дар бораи пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар марз ва қаламравҳои баҳснок, инчунин ҳалли саривақтии масъалаҳои обёрӣ ва ҳавзаи об изҳори назар карданд.