Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Раиси шаҳри Исфара захмӣ шуд

Раиси шаҳри Исфара ҳангоми қарор доштанаш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи даргирӣ тир хӯрдааст, вале ҳамроҳонаш захми ӯро сабук арзёбӣ кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Баҳоваддин Баҳодурзода, шаҳрдори Исфара дар пайи рухдоди муноқишаи дар марз захмӣ шудааст.
Ин ҳодисаро ба Sputnik Тоҷикистон бародараш Фирдавс Тӯрахонов, ки сартабиби Бемористони шаҳри № 1 и Хуҷанд таъйид кард.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазорати дифоъ: “Ин муноқиша аст, ҷанги ду кишвар нест”
Бино ба иттилои манбаъ, раиси шаҳр ҳангоми қарор доштанаш дар қишлоқи Хоҷа Аълои Исфара, дар наздикии нуқтаи обтақсимкунии "Головной" ё “Плотина” ғайриинтизор аз тахтапушташ тир хӯрдааст.
Манбаъ мегӯяд, захмаш чандон ҷиддӣ набуда, хушбахтона сабук аст. Аммо, ба гуфтаи вай, бино бар ноором будани вазъ, Баҳодурзода ҳоло дар худи Хоҷа Аъло қарор дорад.
Феълан ҳайати ҳамроҳонаш кӯшиш карда истодаанд, ки барои тадовии захмаш ӯро ба маркази ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва ё ба Бемористони марказии шаҳри Исфара расонанд.