ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар масҷидҳои Бишкек баргузории намози ҷумъа то мӯътадил шудани вазъи эпидемиологӣ манъ карда шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти муфтиёт.
Бар хабари манбаъ, ин тасмимро Шӯрои уламои Идораи рӯҳонии мусулмонони Қирғизистон тибқи талаботи табибон қабул кардааст.
"Аз 30 апрел, то ба эътидол омадани вазъ, намози ҷумъа дар масҷидҳои Бишкек қатъ карда мешавад." омадааст дар иттилоия.
Бояд гуфт, ки феълан дар Қирғизистон вазъи коронаиврус чандон хуб нест. Ҳамарӯза теъдоди маризони нав рӯ ба афзоиш аст.
Ситоди фаврӣ хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта 345 мавриди нави сироятшавӣ ба коронавирус дар Қирғизистон ба қайд гирифта шудааст, ки 224 ҳолати нав ба пойтахт шаҳри Бишкек рост омадааст.
Гуфта мешавад, дар 24 соати гузашта, дар Бишкек 6 маризи коронавирус ҷон аз даст доданд.