Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Хабари фаврии КДАМ: низомиёни қирғиз ба сӯи сарҳадбонони тоҷик тир кушоданд

Кумитаи давлатии амнтяти миллии Тоҷикистон мегӯяд, Қирғизистон худсарона бандҳои созишномаи қаблан мувофиқашудаи дуҷонибаро бо Тоҷикистон вайрон мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. КДАМ Тоҷикистон фавран хабар дод, ки низомиёни қирғиз ба сӯи сарҳадбонони тоҷик тир кушоданд.
Бино бар иттилои манбаъ, имрӯз, 29-уми апрел, соати 13:05 дақиқа дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии "Головной", воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара, низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба сӯи сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд.
"Ҳодисаи мазкур дар ҳолате рух дод, ки тӯли рўзҳои охир ҷониби Қирғизистон худсарона бандҳои созишномаи қаблан мувофиқашудаи дуҷонибаро бо Тоҷикистон вайрон намуда, нақшаи забти нуқтаи обтақсимкунии "Головной"-ро ба роҳ мондааст", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Гуфта мешавад, тибқи харитаи солҳои 1924-1927 ва 1989 иншооти мазкур пурра дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, соли 1968 дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ барои обёрии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон истифода мешуд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Генерал Навҷувонов дар марз: ӯ гуфт, вазъ зери назорат аст
Ин дар ҳолест, ки ду рӯзи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон вазъ муташанниҷ мешавад. Дирӯз, 28 апрел таниши навбатии марзӣ байни сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ва деҳоти Оқсойи ноҳияи Бодканд сурат гирифт.
Шоми 28 апрел Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расман муноқишаро шарҳ дод.
Бино бар иттилои манбаъ, дар асл низоъ сари нуқтаи обтақсимкунии “Головной” хестааст, ки субҳи 28 апрел Тоҷикистон дар наздикии он барои назорати тақсими об камераи мушоҳидавӣ насб кардааст.
КДАМ навиштааст, ки ин манбаи об дар ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аъло дар болои дарёи Исфара ҷойгир аст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марз бо Қирғизистон - чӣ шуду чӣ мегузарад
Афзун бар ин, иншооти мазкур аз нуқтаҳои аҳолинишин, аз ҷумла, деҳаҳои Коктош ва Оқсойи ҷамоати Оқсойи ноҳияи Боткени Қирғизистон дар масофаи хеле дур воқеъ мебошад.
КДАМ Тоҷикистон ҳамчунин аз 7 маҷрӯҳ, сокинони Тоҷикистон дар пайи ин ҳодиса хабар додааст.