Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

"Роҳи Чоркӯҳ-Ворух озод шуд”: тафсилот аз тирандозиҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Бино ба иттилои дарёфтӣ, тирандозиҳое, ки дар деҳаи Хоҷаи Аъло шурӯъ шуда буданд, ба деҳоти Чоркуҳу Сомониён ва Тоҷикон кӯч кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Як корманди ҷамоати Ворух ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, нерӯҳои марзбонӣ ва вижаи Тоҷикистон тамоми нуқтаҳои баҳсангез бо Қирғизистонро аз ҷузву томҳои марзбонии қирғиз озод намуда, қисми низомии марзбонони қирғиз дар деҳаи Оқсойро низ мавриди ҳамла қарор додаанд.
“Ҳоло метавон гуфт, ки масири Чоркуҳ – Ворух пурра дар контроли нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон қарор гирифтааст. Аз сӯи қирғизҳо, бархе иншоот, назири тӯйхонаву ферма дар деҳаи Тоҷикон, бо миномёт мавриди ҳамла қарор гирифта, тахриб шудаанд”, - гуфт манбаъ.
Бино ба ин манбаъ, дар даргириҳои марзӣ сирфан нерӯҳои марзбонӣ ва ҷузву томҳои нерӯҳои махсусу вижаи кишварҳо дар имтидоди марзи ду кишвар вориди даргирӣ шудаанд.
“Мардуми мулкӣ тарки маҳали даргириҳо кардаанд. Мардуми Сомониёну Тоҷикон ба дуртар аз маҳалли даргириҳо кӯч кардаанд. Дар бораи талафоти ҷонӣ иттилое дар даст нест”, - гуфт ин манбаъ.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ҷабборов тоҷиконро бародар гуфту ба сулҳ даъват кард
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.
Муноқиша дар як минтақа сарзад, ки он замон раҳбари вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев дар минтақаи бетарафи ҳудудӣ барои ҳалли низоъҳо мулоқот мекарданд.
Ҷонибҳо дар бораи пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар марз ва қаламравҳои баҳснок, инчунин ҳалли саривақтии масъалаҳои обёрӣ ва ҳавзаи об изҳори назар карданд.