ДУШАНБЕ, 28 апр - Sputnik. Якчанд минтақаи Русия эълом доштанд, ки ба ифтихори иди Рамазон ба рӯзҳои истироҳати моҳи май рӯзҳои иловагии ғайрикорӣ илова карда мешаванд.
Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуотии мақомот ва ҳукуматҳои ин минтақаҳо хабар медиҳад.
Дар Ҷумҳурии Адигей 13 май ба рӯзҳои истироҳат илова карда мешавад, вақте ки мусулмонон иди Фитр ҷашн мегиранд. Ҷумҳурии Қрим низ дар моҳи май хотима ёфтани рӯзаро ҷашн мегирад. Мақомот тасмим гирифтанд, ки 14 майро рӯзи истироҳат кунанд.
Бошқирдистон ва Тотористон низ дар робита ба иди Фитр - рӯзи ба поён расидани рӯза дар моҳи Рамазон дар бораи истироҳати иловагӣ тасмим гирифтанд.
Қаблан Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, розӣ шуд, ки бо имзои як фармон даҳаи аввали моҳи майро пурра истироҳатӣ эълон кунад.
Бар асоси ин тасмим, аз 1 то 10 май дар кишвар бидуни танаффус таътил хоҳад буд.
Раиси “Роспотребназдор” Анна Попова бо пешниҳоди истироҳатӣ эълон кардани рӯзҳои миёни ду иди моҳи май ба Путин муроҷиат карда буд.
"Агар шумо фикр кунед, ки ин зарур аст, хуб мо инро иҷро хоҳем кард. Имрӯз ман фармони дахлдорро имзо мекунам", - гуфта буд Путин.
Раисиҷумҳури Русия тавзеҳ дод, ки ин тасмим дар доираи чораҳо барои мубориза бо коронавирус дар кишвар гирифта шуд.