ДУШАНБЕ, 28 апрел - Sputnik. Корбарони Фейсбук дар Тоҷикистон ва расонаҳои хабарии Қирғизистон дар бораи таниши навҷбатии марзӣ миёни Тоҷикисону Қирғизистон хабар медиҳанд.
Баҳси навбатии марзӣ миёни деҳаҳои Хоҷаи Аълои Чоркӯҳи шаҳри Исфара ва минтақаи Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон сурат гирифтааст.
Бино бар иттилои корбарони шабакаҳои иҷтимоии бахши тоҷикии Фейсбук, сокинони ду тараф ҳамдигарро бо санг мезананд. Ҳодиса таҷрибан соати 11:30 оғоз шудааст.
Аммо ба иттилои расонаҳои Қирғизистон, ҳодисаи сангзанӣ миёни сокинони ду кишвар тақрибан соатҳои 17:30 сар шудааст.
"Бино бар иттилои ахир, дар натиҷа ҳодиса ду нафар ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол дода шудаанд", - менависад "Турмуш".
Феълан назари расмии мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шарҳи ин қазия маълум нест.