ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Туркия аз 29 апрел то 17 май бо сабаби паҳншавии густурдаи коронавирус дар кишвар маҳдудияти шадид ҷорӣ мекунад.
Дар ин бора президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон зимни баргузории ҷаласаи ҳукуматаш изҳор доштааст.
"Аз соати 19.00 рӯзи 29 апрел то 05.00 -и 17 май локдауни пурра ҷорӣ карда мешавад. Ҳама идораҳо ва ҷойҳои корӣ, ба истиснои корхонаҳое, ки Вазорати корҳои дохилӣ дар алоҳидагӣ муайян кардааст, баста мешаванд."
Ба гуфти кишвардор, сафарҳои байнишаҳрӣ танҳо бо иҷозати ҳатмӣ сурат мегирад ва нақлиёти ҷамъиятӣ набояд аз 50% зиёдтар пур бошад.
Интизор меравад, ки чунин тадбирҳо ба коҳиши бемории COVID-19 дар кишвар дар як рӯз то панҷ ҳазор ҳолат мусоидат мекунад.
Дар шароити маҳдудияти шадид, дарсҳо дар кӯдакистонҳо ва мактабҳо лағв карда мешаванд.
Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба таҳсили онлайн мегузаранд ва имтиҳонҳо то беҳтар шудани вазъи ҳамагирӣ дар кишвар ба таъхир гузошта мешаванд.
Ғайр аз ин, ҳукумати Туркия шомгоҳон ва шабона соати комендантӣ ҷорӣ карда, меҳмонхонаҳоро вазифадор кард, ки барои қайду фармоиши пешакиро бекор кунанд.
Тибқи иттилои сафорати Ӯзбекистон дар Анқара, қоидаҳои қаблан ҷоришуда барои вуруди хориҷиҳо аз ҷониби мақомоти Туркия то 31 майи соли 2021 тамдид карда мешаванд.