ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Дар Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика"-и Вазорати тандурустӣ вобаста ба оғози Ҳафтаи урупоии иммунизатсия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.
Аз 26 апрел то 2 майи соли 2021 давлатҳои Бюрои минтақавии урупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Ҳафтаи урупоии иммунизатсияро (ҲАИ) ҷашн мегиранд, ки ин бор зери шиори "Ваксинаҳо моро ба ҳам наздик мекунанд", баргузор мешавад.
Дар ҳамоиши мазкур намояндгони Вазорати тандурустӣ, Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ширкат кардаанд.
Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров гуфтааст, бо шарофати коркарди ваксинаҳои нав бар зидди сирояти COVID -19 ва истифодаи оммавии онҳо ҷомеаи башар метавонад ба пандемия хотима диҳад ва аз нав ба ҳаёти муқаррарии худ баргардад.
Ӯ афзудааст, ки ин ҳолат бори дигар тамоми мардуми дунёро водор месозад, ки аҳамияти иммунизатсияро дар пешгирии бемориҳои сироятӣ дарк намуда, аз он бетараф набошанд.
"Новобаста аз мавҷуд будан ё набудани бемории коронавируси нави COVID-19 дар кишварҳои ҷаҳон иммунизатсияи тақвимӣ маҳз дар ҳамин давра бояд фаъолтар бошад, зеро бо кӯшиши пешгирии як беморӣ ба сар задани хурӯҷи бемориҳои дигари сироятии идорашаванда бояд роҳ надиҳанд",- зикр шудааст дар ҳамоиш.
Бо назардошти зарурати ҳалли мушкилиҳои соҳа Ҳафтаи урупоии иммунизатсия-2021 таваҷҷуҳро ба иммунизатсия ҳамчун ҳуқуқи ҳар шахс ва масъулияти умумии ҷомеа ҷалб менамояд.
Вазорати тандурустӣ аз мардуми кишвар даъват мекунад, ки ин иқдомро дастгирӣ кунанда ва дар ваксинзанӣ фаъол бошанд.