"Заминҷунбии бераҳм": чӣ гуна Тошканд ғӯттаи харобаҳо шуд - видео

Дар 55-умин солгарди заминларзаи мудҳиш дар таърихи пойтахти Ӯзбекистон, Sputnik видеоинфографикаро дар бораи моҳҳои аввал пас аз офатро пешкаш мекунад.
Sputnik
Сарфи назар аз қувваи ларзишҳо дар маркази заминларза, ки аз рӯи фадвали Рихтер 8 баллро ташкил дод аз талафоти зиёди одамон пешгирӣ карда шуд.
Аммо миқёси харобкорӣ аҷиб буд: тақрибан тамоми қисми марказии шаҳр харобазор, беш аз 45 ҳазор оила бесарпаноҳ монданд.
Мудҳиштарин заминларза дар Тоҷикистон: фоҷеаи Ҳоит
Ҳамаи ҷумҳуриҳои иттифоқчӣ ба кумаки шаҳр шитофтанд, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ миллионхо одамони советиро меҳмондорӣ карда буд.
То зимистони соли 1966, аксари қурбониёни офати табиӣ соҳиби хонаҳои нав шуданд ва дар охири даҳсола, шаҳр пурра дигаргун шуда буд.
Он субҳи апрел Тошканд чиро аз сар гузаронд, чӣ гуна он ҳангоми зилзилаи такрорӣ зиндагӣ кард ва чӣ гуна аз нав барқарор карда шуд - ҳамаи инро дар видеои Sputnik Ӯзбекистон тамошо кунед.