Дар Суғд як деҳаи ҳаммарз бо Ӯзбекистонро воксини зидди COVID-19 заданд

Дар вилояти Суғд эмгузаронӣ алайҳи коронавирус аз деҳаи наздимарзӣ бо Ӯзбекистон шурӯъ шуд. Масъулин гуфтанд, ки хуруҷи дигарбораи бемории COVID-19 дар кишвари ҳамсоя онҳоро водор намудааст, ки корро аз деҳаи Сароби ноҳияи Спитамен оғоз кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 апр – Sputnik. Ҷаннатой Набиева, директори филиали Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика дар Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, то имрӯз бешт аз 570 нафар сокинони ин деҳа эмгузаронӣ шуданд.
“Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус мо қабл аз ҳама воксинзаниро дар ин маҳал оғоз намудем. То имрӯз зиёда аз 570 нафар вокисини "AstraZeneca" гирифтанд. Ҳоло кор дар ин самт дар ҳудуди ин деҳа идома дорад”, гуфт Набиева.
Деҳаи Сароби (собиқ Плотина) ҷамоати Сарбанди ноҳияи Спитамен дар фосилаи хеле наздик бо деҳоти вилояти Бекободи кишвари Ӯзбекистон ҷойгир аст ва ҳамарӯза равуойи сокинон аз ду ҷониб ҷараён дорад.
Дар ин маҳал як роҳе мавҷуд аст, ки аз ду ҷониб сокинон истифода мекунанд. Ин деҳа бештар аз 1300 сокин дорад.
Масъулони беҳдоштӣ мегуянд, то кунун дар миёни аҳолии ин деҳа сирояти “вируси корона” дарёфт нашудааст.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон барои эмгузаронӣ алайҳи COVID се ҳазор нуқта боз мешавад
Ҷаннатой Набиева гуфт чизе, ки онҳоро ба эмгузаронӣ дар ин деҳаи ҳаммарз водор намуд, хуруҷи дигарбораи коронавирус дар Ӯзбекистон будааст.
Шурӯъ аз 18 апрел, ба далели авҷи сирояти коронавирус дар Ӯзбекистон ба ҳисоби мактабу кӯдакистонҳо, муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ дар ин кишвар ба реҷаи карантинӣ гузаштанд.
Дар Тоҷикистон аз 8 марти соли 2021 нахустин бастаи ваксинаи AstraZeneca ба миқдори 192 ҳазор воя аз Деҳлии Ҳиндустон тавассути парвози махсуси "Сомон Эйр" ба Душанбе интиқол ёфт.
Пас аз тасвиб шудани қарори ҳукумат дар Тоҷикистон расман аз 23 март маъракаи эмгузаронӣ дар ҷумҳурӣ шурӯъ шуд.