Шумори сироятёфтагон зиёд шуд: муассисаҳои таълимии Самарқанд барои ду ҳафта баста шуданд

Дар Самарқанд аз 27 апрел тамоми мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ барои 2 ҳафта қарантина шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Дар Самарқанди Ӯзбекистон барои ду ҳафта тамоми мактабу муассисаҳои томактабӣ баста шуданд. Мақомот қарантина эълон кардаст.
Хадамоти матбуоти маъмурияти шаҳри Самарқанд хабар додааст, ки дар ин минтақа рӯзҳои охир шумори сироятёфтагон ба коронавирус дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои миёна якбора афзудааст.
Бино бар иттилои манбаъ, бо қарори Комиссияи фавқулодда оид ба мубориза бо эпидемияи назди маъмурияти шаҳр дар тамоми мактабҳо ва муассисаҳои томактабии шаҳр қарантинаи 14-рӯза ҷорӣ карда шуд.
Дар Ӯзбекистон ба иллати паҳншавии коронавирус боз маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шуд
Маъмурияти Самарқанд қайд кардааст, ки дар сурати бақайд нагирифтани ягон ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус дар давраи қарантина, омӯзиш дар муассисаҳои таълимӣ дар шакли анъанавӣ аз сар гирифта мешавад.
Дар Ӯзбекистон 510 329 нафар аввалин дозаҳои воксани зидди коронавирусро гирифтаанд. Дар ин бора рӯзи 23-уми апрел вазорати тандурустии ин кишвар хабар дод.
Бояд қайд кард, ки дар вилояти Тошканд 18 мактаби миёна бо сабаби ошкор шудани ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавирус миёни талабагон ва омӯзгорон ба таҳсилоти фосилавӣ гузаронида шуданд. Коронавирус миёни 30 талаба ва 25 омӯзгори ин мактабҳо ошкор шуд.
Бояд гуфт, к дар 24 соати ахир дар Ӯзбекситон 348 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳамин ҳол, шумории умумии сироятёфтагон ба ин вирус дар кишвар ба 89 ҳазору 27 нафар расидааст, ки аз он 85 ҳазору 764 нафар шифо ёфтанд.
Ҷамъан дар Ӯзбекистон дасти кам 643 нафар дардмандони коронавирус ҷон аз даст доданд.