ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Нурлан Ниёзов, ноиби аввали вазири умури хориҷии Қирғизистон, бо Назирмад Ализода, сафири Тоҷикистон дар Бишкек рӯзи 26 апрел мулоқот карда, нотаи расмӣ додааст.
Ба иттилои ВУХ Қирғизистон, дар Нота нигаронии амиқ аз аъмоли ғайриқонунии мақомоти тоҷик баён карда шудааст.
“Ҷониби Қирғизистон аз аъмоли ғайриқонунии мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон, ки 24 апрел ду сокини ноҳияи Лайлаки вилояти Бодкандро рабудаанд, амиқан изҳори нигаронӣ намуд”, - омадааст дар иттилоияи ВУХ.
Ниёзов ғайриқобили қабул будани ин аъмолро таъкид намуда, ҳушдор додааст, ки он метавонад бо шиддати вазъ дар навоҳии марзӣ анҷомад. Ба иттилои ВУХ, аз ҷониби Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд, ки афроди дастандаркорро ба ҷавобгарӣ кашаду аз натиҷаи он ҷониби қирғизҳоро огоҳ намояд.
ВУХ таъкид намудааст, ки ҷониби Қирғизистон чун пештара омода аст, бо талошҳои муштарак дар навоҳии наздимарзӣ амнияту суботро дар заминаи дӯстию бародарии бисёрасраи халқи тоҷику қирғиз созад.
Назари мақомоти Тоҷикистон феълан дар бораи изҳороти расмии ҷониби Қирғизистон маълум нест.
Рӯзи 24 апрел расонаҳои қирғиз аз бедарак шудани ду ҷавони 19-сола, ки дар минтақаи марзӣ ба сохтмони коргоҳ машғул будаанд, хабар доданд. Бар асоси созиши ҷонибҳо, сохтмонҳо дар минтақаҳои баҳсноки марзӣ мамнӯъ мебошанд.
Дар пайи бедаракшавии ҷавонон, музокироти дуҷонибаи марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт. Баъдан расонаҳои қирғизӣ хабар доданд, ки ду ҷавони қирғизистоние, ки дар наздикии марз бо Тоҷикистон нопадид шуданд, ба ватан баргаштанд ва ба оилаҳои онҳо супорида шуданд.
Мақомоти қирғиз гуфтанд, дар якҷоягӣ бо ин нафарон, 6 шаҳрванди Қирғизистон, ки сарҳадбонони тоҷик қаблан онҳоро барои убури ғайриқонунии марз боздошт карда буданд, баргардонида шуданд.
Ҷониби Тоҷикистон расман то ҳол ин қазияро шарҳ надодааст.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 972 километр марзи муштарак доранд, ки аз он танҳо 520 километр дар сатҳи ҳукумат ва 77 километр дар сатҳи гурӯҳҳои корӣ мувофиқа карда шудааст. Зиёда аз 370 километр марз номуайян боқӣ мондааст. Ин номуайянӣ боис шудааст, ки миёни сокинони наздимарзӣ танишҳо рух медиҳанд, ки баъзан бо занозанию тирпаронӣ ва марги одамон аз ҳарду ҷониб мепечад.