ДУШАНБЕ, 26 апр - Sputnik. Русия ба амалҳои бадхоҳонаи кишварҳои дигар посух омода мекунад, гуфт намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар эфири шабакаи телевизионии “Россия-1”.
Аз ҷумла, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ хотиррасон кард, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин фармонро дар бораи истифодаи чораҳои таъсиррасонӣ ба амалҳои ғайридӯстонаи давлатҳои хориҷӣ имзо кард.
Тибқи ин фармон, он давлатҳое, ки ғайридӯстона эълон шудаанд, наметавонанд кормандонро аз байни шаҳрвандони Федератсияи Русия барои намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии худ ҷалб кунанд, - шарҳ дод Захарова.
Дипломат илова кард, ки рӯйхати пурраи кишварҳое, ки Русия онҳоро "ғайридӯстона" мешиносад, пас аз содир шудани фармони дахлдори Кабинаи вазирони кишвар эълон мешавад.
"Тавре ки шумо мефаҳмед ва ман инро тасдиқ карда метавонам, албатта Иёлоти Муттаҳида дар рӯйхат аст", - гуфт Захарова.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ илова кард, ки ин амалҳо танҳо посух ба сиёсати хориҷии зӯргӯёнаи кишварҳои дигар мебошанд.
Ин иқдоми Русия дар ҳолест, ки қаблан Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, изҳор дошта буд, ки муносибот бо ИМА ба замони ҷанги сард баргаштаанд.
Ба гуфтаи Медведев, таҳримҳо, фишорҳо, таҳдидҳо, муқовимати муноқишаҳо, ҳимояи манфиатҳои ғаразнок ба "бесуботии доимӣ" дар тамоми ҷаҳон оварда мерасонад.
"Дар солҳои охир муносибатҳои Русия ва ИМА воқеан аз рақобат ба муқовимат гузаштанд; дар асл, онҳо ба давраи ҷанги сард баргаштанд", - гуфт ӯ.
Вай таъкид намуд, ки танҳо муоширати мустақим, қобилияти ошкоро сухан гуфтан, инчунин шунидани мантиқ ва далелҳои ҷониби дигар, ба "хомӯш кардани мушкилот" мусоидат хоҳанд кард.