Генерал Зас бо даъвати Раҳмон аз марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон дидан кард

Дабири кулли СААД Станислав Зас бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз қитъаҳои марзи давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон дидан кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik.Тибқи иттилои хадамоти матбуоти СААД, рӯзҳои 23-24 апрел Станислав Зас аз қисматҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон дар самтҳои Қалъаи Хумб ва Шӯробод дидан кардааст.
Ба иттилои манбаъ, дабири кулли СААД бо ташкили зерсохтори марзӣ ва муҷаҳҳаз кардани ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои техникии ҳифзи сарҳад шинос шуд.
Панҷ вазири мудофиаи узви СААД ба Душанбе меоянд
Дабири кулли СААД аз ёдгории марзбонони ҳалокшуда дидан кардааст.
Гуфта мешавад, ин сафарро ҷониби Тоҷикистон дар доираи омодасозии лоиҳаи Барномаи байнидавлатии мақсадноки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ барои таҳкими бахшҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон ташкил кардааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 27-29 апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва котибони шӯроҳои амнияти СААД баргузор мешаванд, ки ширкаткунандагони он масъалаҳои амнияти низомӣ, муқовимат бо чолишҳо ва таҳдидҳо ва чораҳои безараргардонии онҳоро баррасӣ мекунанд.