Амонатбонк бо БАТР сармоягузории мустақиму технологияҳои рақамиро баррасӣ кард

“Амонатбонк” аз ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд изҳори қаноатмандӣ карда, эълон намудааст, ки омодааст дар самтҳои гуногун ҳамкориҳоро ба роҳ монад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 апр – Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти БДА Амонатбонк, ахиран Раиси Раёсати “Амонатбонк” Икромӣ Сироҷиддин Салом бо мудири минтақавии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Осиёи Марказӣ, Ҷаҳонгир Шамсиев мулоқоти дуҷониба баргузор намуд.
Дар рафти мулоқот, ҷонибҳо масъалаҳои густариш додани ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои Маблағузории савдо, Аккредитиви ҳуҷҷатӣ, табодули таҷрибаи тарафайн ва бозомӯзии мутахассисон баррасӣ намуданд.
“Новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна ва бемории COVID-19 ба иқтисодиёти мамлакат, ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд аз рушди фаъолияти молиявии имрӯзаи “Амонатбонк” изҳори қаноатмандӣ карда, қайд намуд, ки омодааст дар самти дилхоҳ ҳамкориҳоро бо Амонатбонк ҷоннок намоянд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони БАТР мулоқот кард
Ҳамзамон дафтари матбуоти “Амонатбонк” зикр кард, зимни мулоқот Икромӣ Сироҷиддин Салом қайд намудааст, ки Амонатбонк омодааст бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар самтҳои масъалаҳои хусусияти иҷтимоӣ дошта, сармоягузории мустақим ва рушди технологияҳои молиявӣ ва рақамӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монад.
Гуфта шудааст, зимни мулоқот тарафҳо омодагии худро барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд иброз намуданд.