Душанбе, 24 апр - Sputnik. Ду ҷавони қирғизистоние, ки дар наздикии марз бо Тоҷикистон нопадид шуданд, ба ватан баргаштанд ва ба оилаҳои онҳо супорида шуданд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон дар такя ба хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Бодканд.
Субҳи имрӯз расонаҳои қирғизӣ навиштанд, ду ҷавон, ки ҳар ду 19 сол доштаанд, шаби 24 апрел аз мавзеи Эски-Оочуи деҳоти Бешкенти ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд нопадид шуданд.
Қаблан дар интернет наворе паҳн шуда буд, ки дар он як модар аз ғайб задани писараш ва шиносаш хабар медиҳад. Ҷавонон дар наздикии марз як коргоҳ месохтанд ва шабона аз хаймаи назди сохтмон нопадид шуданд.
Тибқи иттилои ҷониби Қирғизистон, пас аз музокироти дуҷонибаи марзбонон, ҷониби Тоҷикистон ҷавононро тавассути гузаргоҳи Овчӣ-Қалъач баргардондааст.
Онҳо чи гуна дар қаламрави Тоҷикистон қарор гирифтаанд, то ҳол маълум нест. Мақомоти салоҳиятдор тафтишот мебаранд.
Қайд карда мешавад, ки дар якҷоягӣ бо ин нафарон, 6 шаҳрванди Қирғизистон, ки сарҳадбонони тоҷик қаблан онҳоро барои убури ғайриқонунии марз боздошт карда буданд, баргардонида шуданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 972 километр марзи муштарак доранд, ки аз он танҳо 520 километр дар сатҳи ҳукумат ва 77 километр дар сатҳи гурӯҳҳои корӣ мувофиқа карда шудааст. Зиёда аз 370 километр марз номуайян боқӣ мондааст. Ин номуайянӣ боис шудааст, ки миёни сокинони наздимарзӣ танишҳо рух медиҳанд, ки баъзан бо занозанию тирпаронӣ ва марги одамон аз ҳарду ҷониб мепечад.