Садамаи мудҳиш: мошини ҳомили 5 ҷавон ба Фондарё сарозер шуд

Автомобиль опрокинулся в реку Фондарё
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз як садамаи мудҳиш хабар медиҳад, ки дар пайи он панҷ ҷавон маҷрӯҳ шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбқотии ин ниҳод, садама рӯзи 23-уми апрели соли равон, дақиқан соати 08:30 дақиқа дар километри 100-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар мавзеъи деҳаи Работи ҷамоати шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ сар задааст.
Ба иттилои манбаъ, автомашинаи тамғаи “Таёта-Кемри”, ки аз ҷониби як сокини 20-солаи шаҳри Душанбе идора мешуд, ба ҷарии умқаш 15-20 метр дар соҳили Фондарё сарозер шуд.
Разбитое стекло автомобиля, архивное фото
Ҳалокати аробакаши солхӯрда дар садама
Ин мошин аз шаҳри Душанбе ба самти Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат буд, афзудааст манбаъ.
"Дар натиҷа ронанда бо 4 нафар ҳамсафаронаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар водии Зарафшон аз дохили мошин берун оварда шуда, ба беморхонаи ноҳиявии ноҳияи Айнӣ бистарӣ карда шуданд", - гуфтааст КҲФ.
Гуфта мешавад, айни ҳол онҳо таҳти назорати табибон қарор дошта, ҳамаи ҷароҳатбардоштагон ҷавонони 18-22-сола мебошанд.
Ин ниҳод мегӯяд, ҳоло сабаби ин садама таҳқиқ мешавад.