ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Додгоҳи Душанбе мегӯяд, зимни мурофиа муайян шуд, ки Сафаров Маҳмадалӣ Давлатович ва Назаров Субҳиддин давоми солҳои 2018-2020 бо шаҳрвандони хориҷии шахсияташон ба тафтишот номаълум, бо ному насаби “Наим Расолӣ” ва “Муҳаммад Зариф” шинос шуда, барои интиқоли тиллою пули нақд тариқи Тоҷикистон ба Аморати Муттаҳидаи Араб ва шаҳри Истанбул маслиҳат кардаанд.
Манбаъ мегӯяд, Сафаров Маҳмадалӣ барои иҷрои ин кор бародари худ Сафаров Фирдавс ва домодҳояш Раҳмонов Меҳрубону Саидов Ҳасан Асадуллоевичро ҷалб кардааст.
Додгоҳ мегӯяд, ин афрод аз 4 сентябр то 14 ноябри соли 2020 дар 37 ҳолат, ҷамъ асъори хориҷӣ дар ҳаҷми беш аз 207 миллион риоли Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, 2,5 миллион дирҳами Амороти Муттаҳидаи Араб, 55,5 миллион доллари ИМА, 1 миллион фунт стерлинг, 4,4 миллион Евро, 585 ҳазор динори Кувайт, 200 ҳазор доллари Канада ва 1 тоннаю 376 килою металли қиматбаҳои навъи тиллоро тариқи фурудгоҳи Душанбе ба Дубайу Истанбул интиқол додаанд.
Таъкид шудааст, ки ин миқдор пули нақду метал дар минтақаи Панҷи Поён дар вилояти Хатлон ғайриқонунӣ бидуни ҳуҷҷатҳои содиротӣ қабул карда шуда, онро бо ҳуҷҷатҳои рӯякиву сохтакорона, яъне нусхаи шартномаҳои хариду фурӯши металли қиматбаҳои ширкатҳо - “Suhrob Gheyasi Jewelliry” бо “Muhammad Zarif Baha General Trading” ва “Abdul Naseem Qarizada Jewelliry” бо “Muhammad Zarif Baha General Trading” интиқол додаанд. Дар Дубайу Истанбул моли қочоқиро ба шаҳрвандони хориҷии шахсияташон ба тафтишот номаълум, “Наим Расолӣ” ва “Муҳаммад Зариф” супориданд, омадааст дар иттилоия.
Илова шудааст, ки боздошти қочоқбарон 14 ноябри соли 2020 тахминан соати 18:00 муяссар шудаст.
“Назаров Субҳиддин бо ҳамроҳии Сафаров Фирдавс баъди гузаштани ҳамаи дидбонгоҳҳои дохили Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳангоми ба толори парвози ҳавопаймои самти Душанбе-Дубай раҳсипор шудан дастгир гашта, аз онҳо далелҳои шайъӣ, яъне 13 489 638 риол, 200 000 фунт стерлинг, 89 килою 350 гр металли қаматбаҳои навъи тилло ёфта, гирифта шуд”, - омадааст дар қарори додгоҳ.
Додгоҳи Душанбе таъкид кардаст, ки ин қочоқи калон бо хунукназарию мусоидати мақомдорон, аз ҷумла Шарипов Маҳмадризо, нозири калони дидбонгоҳи Гумруки Панҷи поён, Аслонов Зариф, Сайфуллоев Қурбоналӣ, нозирони мушояти гумрукӣ, Аслонов Зариф ва Сайфуллоев Қурбоналӣ сурат гирифтааст. Барои “хизматҳо” аз 700 то 1500 сомонӣ барои ҳар як рӯзи мушоият мегирифтаанд.
Дар парванда инчунин аз Одиназода Қудбиддин, аколатдори фаврии милиса дар ноҳияи Ҷайҳун зикр мешавад, ки аз 20 октябр то 14 ноябри соли 2020 дар 16 ҳолат бо силоҳи хизматии тамғаи “Макаров” ҳангоми интиқоли пулу тилло ҳамчун муҳофизи мусаллаҳ иштирок намудаст. Барои ҳар як ҳолати чунин хизматрасонии ғайриқонунии худ корманди милиса аз Сафаров Маҳмадалӣ ва ҳаммаслаконаш аз 200 то 350 сомонӣ мегирифтааст.
Дар пайи баррасии қазия додгоҳи Душанбе барои қочоқ Назаров Субҳиддинро ба 5,5 сол, Сафаров Муҳаммадалиро ба 5,5 сол, Сафаров Фирдавсӣ - 5 сол, Саидов Ҳасан Асадуллоевич - 5 сол, Раҳмонов Меҳрубон - 5 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум намудааст.
Барои сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ Сайфуллоев Қурбоналӣ, Аслонов ва Одиназода Қудбиддин ба ду соли зиндон маҳкум шудаанд.
Ба Шарипов Маҳмадризо барои хунукназарӣ ду соли корҳои ислоҳӣ бо нигоҳ доштани 30 фоизи музди меҳнаташ ба фоидаи давлат таъйин карда шуд.
Додгоҳ мегӯяд, далелҳои шайъӣ 89 килою 343 гр металли қимматбаҳои тилло ва асъори хориҷӣ 13 489 539 риоли ШАС ва 200 000 фунт стерлинги ШБК, ки дар Бонки Миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ба фоидаи давлат мусодира карда шуд.
Назари маҳкумшудагон дар мавриди иттиҳоми эълоншуда ва ҳукми додгоҳ маълум нест.