ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 23 апрел, 15 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки зиёда аз як моҳ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Москва қарор доштанд, ба Ватан гусел карда мешаванд.
Дар ин бора Сафаорти Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки кормандони сафорат ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ, воқеъ дар деҳаи Сахаровои шаҳри Маскав рафта, бо ҳолати нигоҳдории шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин муассиса шинос гардидаанд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот бо роҳбари Боздоштгоҳи мазкур Алексей Лагода масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида мавриди баррасӣ шудааст.
Кормандони Сафорат бо шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон мулоқот карда, ба саволу дархостҳои онҳо посухҳои мушаххас ва машваратҳои ҳуқуқӣ додаанд. Ба онҳо оид ба қонунгузории кишвари иқомат дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ маълумот пешниҳод гардид.
"Феълан дар боздоштгоҳи мазкур 37 нафар шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, ки аз онҳо ба 35 нафарашон аз ҷониби Намояндагии дипломатӣ Шаҳодатномаи бозгашт ба таври ройгон таҳия гардида барои 2 шаҳрванди дигар, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият надоштанд, дархост ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон ҷиҳати муайян кардани шахсияташон фиристода шуд", - омадааст дар хабарнома.
Сафорат мегӯд, пас аз ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ, шаҳрвандони зикршуда ба Тоҷикистон бозгардонида мешаванд.
Зимни боздид ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ, либос ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим карда шудааст.
Манбаъ афзуда, ки корҳо дар самти шиносоӣ бо шароити боздоштгоҳҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва баҳри ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштшуда, дар тамоми шаҳру вилоятҳои Русия анҷом дода мешаванд.