Аҳмадҷон, хез-хез, чаро об нахӯрдӣ?! "қотил"-и кӯдаки 7-сола гуфт, ки чигуна кушт - видео

Ҳодисаи пурсарусадои куштори кӯдаки 7-сола дар Душанбе ошкор шуд. Гумонбар дар куштори писарак ба кормандони милиса гуфт, ки чигуна даст ба ин амали нангин зад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Муборак Абдураҳмонова, як сокини 53-солаи Душанбе, ки дар куштори хешованди шавҳараш, кӯдаки 7-сола, Аҳмадҷон Абдураҳмонов гумонбар дониста мешавад, ба кормандони милиса гуфтааст, ки чигуна даст ба ин куштори мудҳиш задааст.
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар як гузориши вижаи телевизионӣ ин ҳодисаро тавзеҳ додааст.
Ёдрас мешавем, қазияи пурсарусадои куштори кӯдакӣ 7-сола, 5 марти соли равон дар кӯчаи Кошевойи шаҳри Душанбе рух дод.
Ҳамон рӯз, Аҳмадҷон Абдураҳмонов, хонандаи синфи 1-и мактаби рақами 50-и шаҳри Душанбе баъд аз дарс ба хона барнагашт. Пас аз чанд соати ҷустуҷӯ ҷасади кӯдакро аз манзили ҳамсоя ва хешовандашон-амаки падараш дар оғӯштаи хун пайдо карданд.
Муборак Абдурахмонова, подозреваемая в убийстве ребенка в Душанбе
Тавре хешовандони хонавода ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дода буданд, ҷасадро соҳибхона, амаки падари Аҳмадҷон вақте пайдо кард, ки дар хонаашон касе набуд. Ҳамсари мард, Муборак Абдураҳмонова хонаро қулф задаву ғайб зада буд.
Дертар Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодисаро тавзеҳ дода хабар дод, ки гумонбар дар куштор Муборак Абдураҳмоноваро дастгир карданд.
Зане, ки писари 7-cоларо дар пойтахт кушту фирор кард, боздошт шуд
Тавре дар гузориши ВКД гуфта мешавад, баҳри пурра муайян намудани ҳолати мазкур аз ҷониби милитсияи ва прокуратураи ноҳияи Сино гурӯҳи оперативӣ созмон дода шуда, як қатор чораҷӯиҳои оператвиӣ ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуд.
Номбурда баъд аз содир намудани ҷинояти махсусан вазнин ба хотири аз ҷавобгарии ҷиноятӣ пинҳон шудан аз ҷои ҳодиса фирор намудааст.
"Дастгиршуда Абдураҳмонова Муборак зимни пурсиш ба пешбурди корҳои тафтишотӣ пурра ба ҷинояти содикардаи худ иқрор гардида иброз дошт, ки маҳз ба хотири хусумату бадбинӣ ва нофаҳмиҳои оилавӣ даст ба ин кирдори ваҳшиёна задааст", - таъкид мекунад манбаъ.
Номбурда 5 марти соли ҷорӣ марҳумро бо роҳи фиреб ба манзили истиқоматиаш дават намуда, бо роҳи буғӣ ва сипас лату кӯб, бо як бераҳмии махсус ӯро ба ҳалокат расонидааст.
"Аҳмадҷон хез- хез, чува оба нахӯрдӣ, чува оба нахӯрдӣ, задам. Баъд овардам инҷа. Хуна дидам тарсида, ларзида паспорта гирифтаму куртама гирифтаму гурехтам", - мегӯяд ҳангоми нишондод зани гумонбар.
Шарҳи ВКД дар бораи қатли писараки 7-сола дар Душанбе
Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати 25 сол ё ҳукми абадро бо мусодираи молу мулк пешбинӣ мекунад.