Муноқишаи маргбор дар ноҳияи Рӯдакӣ: ВКД се ноболиғу ҷавонеро боздошт кард

Драка
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як муноқишаи гурӯҳии ноболиғону ҷавонон хабар медиҳад, ки дар пайи он як нафар ҳалок шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 59-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудаст, ки шахсони номаълум писарашро корд задаанд.
Гуфта мешавад, ду рӯз қабл 20-уми апрели соли 2021, тахминан соати 18:30-дақиқа, шахсони номаълум бе ягон асос писараш ҷавони 24-солаи сокини ҳамон ҷоро дар ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи мазкур бо корд 1-маротиба ба қафаси синааш задаанд.
“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”,- афзудааст манбаъ.
Здание МВД Республики Таджикистан
Шарҳи ВКД дар бораи қатли писараки 7-сола дар Душанбе
Ин ниҳод гуфтааст, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо “изи гарм” ноболиғони 13, 17, 17 ва ҷавони 19-солаи сокинони ҷамоати шаҳраки Навободи ҳамин ноҳия бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, шоми 20-уми апрел, тахминан соати 18:30, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ байни худ бо ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе, ноболиғи 17 ва ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навобод муноқиша карда, дар натиҷа яке аз ноболиғони гумонбаршаванда бо корд 1-маротиба ба қафаси синаи марҳум мезанад.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.