Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Аврупо таҳиягарони ваксинаи AstraZeneca -ро ба додгоҳ мекашад

Вақтҳои охир, шикоятҳо аз ваксинаи англисӣ-шведӣ алайҳи коронавируси AstraZeneca зиёданд: акнун кор то ба додгоҳ расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Комиссияи Аврупо мехоҳад истеҳсолкунандагони ваксинаи Англия ва Шветсия алайҳи коронавирус - AstraZeneca - ро ба додгоҳ кашад. Дар ин бора Politico бо такя ба дипломатҳо хабар медиҳад.

Бино ба гузориши нашрия сабаби чунин чораҳо, рух додани лахтаи хун дар онҳое, ки бо ин дору эм карда шудаанд, набудааст. Мурофиаи судӣ метавонад аз сабаби мушкилот бо таъминоти ваксина оғоз ёбад.

Politico таъкид мекунад, ки бо ин роҳ Комиссияи Аврупо ният дорад AstraZeneca -ро вазифадор кунад, ки доруро ба миқдори дар шартнома пешбинишуда ба кишварҳо фиристад.
Ҳангоми мулоқоти сафирон, Брюссел пешниҳод кард, ки бо кӯмаки додгоҳ ба ширкат таъсир расонад. Аксари намояндагони Иттиҳоди Аврупо, ба навиштаи Politico, ин тадбирро дастгирӣ карданд.
Фавти 8 нафар дар Фаронса аз ваксини AstraZeneca
Аммо, тасмими ниҳоӣ, ба гуфтаи як дипломат, дар охири ҳафта гирифта хоҳад шуд.
Вақтҳои охир ИА мушкилоти таъминоти ваксинаҳои барои истифода дар қаламрави худ бар зидди коронавирус тасдиқшударо аз сар мегузаронад.
Ғайр аз AstraZeneca, кишварҳо барои гирифтани ваксина аз ИМА мубориза мебаранд. Таъхири таҳвил нақшаҳои азими эмгузаронии Брюсселро барбод медиҳад.
"Набояд шитоб кард": Холикзода пешниҳоди мавқуф гузоштани эмкунӣ бо AstraZeneca кард
Ёдовар мешавем, ки пайдоиши лахтаи хун дар онҳое, ки бо AstraZeneca эм карда шудаанд, дар тамоми ҷаҳон ба қайд гирифта мешавад. Ин бисёр кишварҳоро маҷбур кард, ки ваксиназаниро боздоранд. Аммо, эҷодгарони AstraZeneca ба бехатарии он исрор мекунанд.