ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Ҳадди ақал чор нафар дар Қирғизистон бар асари заҳролудшавӣ аз решаи растание, ки вазири тандурустии кишвар онро доруи коронавирус гуфта буд, заҳролуд шудаанд.
Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, ҳамаи заҳролудшудагон дар беморхонаҳо бистарӣ шуда, вазъашон муътадил мебошад.
Нахустин заҳролудшуда аз ин растанӣ марди 63-сола мебошад, ки ахиран бистарӣ шуда буд.
Расонаҳои маҳаллӣ хабар дода буданд, ки марди 63-сола шираи решаро барои муолиҷа аз коронавирус нӯшида, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Қаблан табобати бемории коронавирус бо решаи растании исиқкулиро раисиҷумҳури Қирғизистон ва Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ пешниҳод карда буданд. Ба гуфтаи онҳо, шираи ин реша беморро аз коронавирус тайи ду - се рӯз халос мекунад.
Аммо Кумитаи масоили иҷтимоӣ ба вазири тандурустӣ изҳори нобоварӣ кард, чун ин растанӣ заҳрдор буда, табибони таҷрибадор муолиҷа бо чунин шеваро раво намедонанд.
Facebook низ ба ин шеваи табобат бовар накарду постҳои қаблии Содир Ҷабборов дар мавриди ин тарзи муолиҷа аз СOVID-19 пок кард. Дар ширкат ин гуна изҳоротро дурӯғпароканӣ хонданд, ки ба саломатии инсон хатар дорад.