Намоиши консертҳои ройгон дар боғҳои Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлолият

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат дар боғҳои шаҳри Душанбе барномаҳои ҳунарии ройгон пешниҳод мекарданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Аз нимаи дуюми моҳи апрел рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе барномаи мутрибон баргузор мегардад.
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг, овозхонҳои муассисаҳои консертию таълимии ин ниҳод ҳар ҳафта бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ барномаҳои ҳунаро пешниҳод мекунанд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг изҳор доштааст, ки барномаҳои ҳунарӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи “Устод Рӯдакӣ”, боғи “Парчами давлатӣ”, боғи “Ирам” ва дар боғи ба номи Абулқосими Фирдавсӣ баргузор мешаванд.
Наврӯзи 2021 дар Маскав: аз таомҳои миллӣ то волейболу консерт бо ширкати 30 овозхон
Нахустин консертро дар боғҳои мазкур мутрибони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, мутрибони Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов, ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ва Ансамбли давлатии тарона ва рақси “Сомон” намоиш доданд.
Инчунин дар боғи “Куруши Кабир”, навозандагони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, дар боғи “С. Айнӣ”, ҳунармандони мактаби мусиқии №3-и шаҳри Душанбе, дар боғи “Мироненко” навозандагони мактаби мусиқии №6-и шаҳри Душанбе ва дар боғи “Навоӣ” мутрибони Мактаби санъати бачагонаи шаҳри Душанбе барномаи мукаммали ҳунариро манзури тамошобинон гардонидаанд.