ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Роҳбари пешини Кохи Сафед Доналд Трамп дар бораи муносиботи хосааш бо президенти Русия Владимир Путин гуфт.
Дар ин бора сиёсатмадор дар эфири шабакаи Fox News нақл кард.
"Ман бо президент Путин муносибати хуб доштам, ман ба ӯ писанд будам ва ӯ ба ман", - гуфт Трамп.
Ба гуфти сиёсатмадор, чунин муносибот хуб аст на бад. Илова бар ин, Трамп аз кишвардори нави ИМА Ҷо Байден даъват кард, ки муносиботро бо Русия ҳарчӣ зудтар ислоҳ кунад.
Ба ақидаи Трамп, низоъ бо Вашингтон Маскавро бо Пекин наздик мекунад.
"Мо бояд бо Русия кор кунем, ба ҷои он ки Русияро ба сӯи Чин тела диҳем", - гуфт Трамп.
Роҳбари собиқи Кохи Сафед гуфт, алакай Маскав ва Пекин ҳамкории зич доранд ва "дар якҷоягӣ қувват мегиранд".
Трамп қайд кард, ки "муносибати хуб бо президент Путин зӯр аст". Ба гуфти сиёсатмадор, ӯ ҳеҷ гоҳ дар тамос бо раиси ҷумҳури Чин Си Ҷинпин мушкиле надошт.
Қаблан бо ташаббуси ҷониби Амрико байни Байден ва Путин гуфтугӯи телефонӣ сурат гирифт. Зимни сӯҳбат сарвари Кохи Сафед Путинро ба нишасти дарпешистодаи иқлим даъват кард ва инчунин мулоқоти шахсӣ пешниҳод намуд.
Сипас Иёлоти Муттаҳида алайҳи Русия як қатор таҳримот ҷорӣ кард. Маҳдудиятҳо ба 32 шахсони воқеъӣ ва ташкилотҳо дахл доранд. Иёлот на танҳо даҳ дипломати русро аз кишвар хориҷ кард, балки инчунин ба муассисаҳои молиявии Амрико харидани вомбаргҳои давлатии Русияро манъ карданд.
Дар посух Маскав даҳ сиёсатмадори Амрикоро аз қаламраваш ихроҷ кард. Тавре ки роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров шарҳ дод, кишвар фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматии Амрикоро, ки ба гуфтаи ӯ, ба сиёсати Русия дахолат мекунанд, маҳдуд ё қатъ мекунад.
Чанде пеш маълум шуд, ки Путин даъвати Байденро барои ширкат дар саммити иқлим қабул кардааст, аммо масъалаи мулоқоти шахсӣ бо президенти ИМА то ҳол зери суол аст.