Тақсимоти сарҳадии Душанбе: кадом ноҳияи пойтахт чӣ қадар масоҳат гирифт?

Сарҳади ноҳияҳо дар шаҳри Душанбе тағйир ёфта, аз сӯи парлумон тасвиб гардид. Феълан ноҳияи Сино калонтарин ва Исмоили Сомонӣ хурдтарин ноҳияи пойтахт мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар пайи тағйироти сарҳади ноҳияҳо дар шаҳри Душанбе масоҳати ноҳияи Сино ба 62,24 километри мураббаъ баробар шуд. Ноҳияи мазкур калонтарин дар пойтахт ба шумор меравад.
Пас аз Сино ноҳияи Фирдавсӣ қарор дорад, ки баъди тақсимоти ҷадиди ҳудудӣ, масоҳаташ ба 54,48 километри мураббаъ баробар шуд.
Ноҳияи сеюми пойтахт аз рӯи масоҳат Шоҳмансур аст, ки масоҳаташ 48,86 километри мураббаъро ташкил медиҳад.
Тасдиқи қарори раиси Душанбе барои тағйири сарҳади навоҳии пойтахт
Хурдтарин ноҳияи пойтахт Исмоили Сомонист, ки 37,59 километри мураббаъ масоҳат дорад.
Дар маҷмуъ масоҳати шаҳри Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ васеъ шуда, аз 126,6 ҳазор километри мураббаъ то 203,2 километри мураббаъ афзудааст.
Интизор мерафт, ки дар пайи пайвастани заминҳои нав аз ноҳияи Рӯдакӣ дар пойтахт ноҳияи ҷадид таъсис дода шавад, аммо баъдан шаҳрдорӣ тасмим гирифт, марзи маъмурии ҳамаи ноҳияҳоро зиёд кунад, ки ахиран аз ҷониби Ҳукумат ва парлумон ҷонибдорӣ ёфт.