Ҷаҳон дар варта қарор дорад: дабири кулли СММ

Антонио Гутерриш мегӯяд, соли гузашта яке аз се соли гармтарин дар таърих гардид, ки бо оташсӯзии ҷангалҳо, хушксолӣ, обхезиҳо ва обшавии пиряхҳо қайд шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш дар мусоҳиба бо Reuters гуфт, ки ҷаҳон дар канори варта қарор дорад.
Ба гуфти ӯ, Созмони Ҷаҳонии Ҳавошиносӣ (WMO) гузоришеро пешниҳод кард, ки тибқи он соли 2020 яке аз се соли гармтарин сабт шуд, ки бо оташсӯзӣ, хушксолӣ, обхезӣ ва обшавии пиряхҳо қайд шудааст.
"Инсоният дар канори варта қарор дорад. Мо бар асари гармшавии глобалӣ сатҳи рекордии тӯфони тропикӣ, сӯхторҳои ҷангал об шудани яхҳо ё пиряхҳоро мушоҳида мекунем. Яъне, мо ба ҳадди хатарноки 1,5 дараҷа наздик мешавем, ки аз ҷониби ҷомеаи илмӣ, муайян шудааст", - гуфт ӯ.
Дар ин гузориш омадааст, ки ин "зарбаи такрорӣ" барои миллионҳо одамоне мебошад, ки аз ҳаводиси шадиди иқлим азият мекашанд.
Тибқи мушоҳидаҳои Созмони Ҷаҳонии Ҳавошиносӣ (WMO), ҳарорати миёнаи ҳаво дар соли 2020 назар ба давраи пеш аз индустриалӣ тақрибан 1,2 дараҷа баландтар буд, ки ин ба сарфи назар аз хунуккунӣ, имкон дод, ҳамроҳ бо солҳои 2016 ва 2019 ба се соли гармтарин дохил шавад.
Дар байни нишондиҳандаҳои қайдшуда, сатҳи пасти яхи баҳр дар Арктика дар давоми ду моҳи соли 2020 қайд шудааст.
Раҳмон афсурдагии Тускро аз дидани Сарез дар суханрониаш тасдиқ кард
Дар соли гузашта тақрибан 80 фоизи уқёнусҳо ҳадди аққал як мавҷи гармии баҳрро аз сар гузаронидаанд.
Гутерриш пешвоёни ҷаҳонро даъват кард, ки бо ин санад ошно шаванд ва гуфт, ки соли 2021 бояд дар таърихи инсоният соли муҳимтарин бошад, то тағирёбии бебозгашти иқлим пешгирӣ шавад.