ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Ҳудуди 18 мактаби таҳсилоти умумии вилояти Тошканд ба таҳсили фосилавӣ гузаштанд. Ҳукумати вилоят мегӯяд, ин тасмим дар пайи ошкор шудани коронавирус миёни омӯзгорону талабаҳо гирифта шуд.
Ба иттилои ҳукумати вилоят, бемории коронавирус дар бадани 30 талаба ва 25 муаллими макотиби мазкур ба қайд гирифта шуд.
"Макотиби №3 ва №54-и ноҳияи Уртачирчик, мактаби №2 ноҳияи Букин, №36 -и Пскент, №22 ва №51-и Паркент ва макотиби №9, 12, 17, 18 -и ноҳияи Тошканд, мактаби №8 ва №9 дар Чирчик, №17 дар Алмалик ва мактаби №1 дар Нурафшон ба таҳсили фосилавӣ гузаштанд", - омадааст дар иттилоия.
Инчунин ба таҳсили фосилавӣ синфҳои алоҳида дар бархе аз мактабҳо гузаронда шудаанд. Аз ҷумла ҳашт синфи мактаби №6, як синфи мактаби №15 - и ноҳияи Букин, се синфи №50 - и ноҳияи Уртачирчик, се синфи мактаби №34 - и ноҳияи Зангиатин таълимро тариқи фосилавӣ ба роҳ мондаанд.