ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Қароқалпоқистон бо мақсади васеъ намудани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии минтақавии байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон конфронси онлайниро баргузор намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Палатаи Савдо ва саноати кишвар.
Дар ин ҳамоиши маҷозӣ Эргашшоҳ Исматов, сафири Ӯзбекистон, Насим Анваров, муовини аввали утоқи бозаргонӣ ва саноати Тоҷикистон ва Дамир Ҷалдесов, раиси утоқи бозаргонӣ ва саноати Қрарақалпоқистон ва ҳамчунин 25 нафар аз туҷори ду кишвар назароти худро дар бораи роҳҳои тавсеаи муносиботи тиҷорӣ баён карданд.
“Дар чорабинӣ, зиёда аз 25 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Дар ин ҳамоиш намояндагони ширкатҳои “КАМА”, “Нукус Дилиша”, “ТЕХНИК ГЛОБЕ”, “Ориент Технология”, Корхонаи воҳиди давлатии Текстилмаш, “БИСОТ”, “ПАНАЕВ ФАРМАҲО”, “TAMARA TEXTILE, ҶДММ”, “Арҳдея К”, “МЕБЕЛ ОРАЙИ” ва ғайра иштирок намуданд.”, - таъкид доштааст дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.
Таъкид шудааст, ки дар натиҷаи ин конфронс, Палатаҳои савдо ва саноати ҳар ду ҷониб дар бораи ба имзо расонидани созишномаи байни Палатаҳои савдо ва саноати Қароқалпоқистон ва вилояти Хатлони Тоҷикистон дар фурсатҳои муносиб қарор қабул намуданд.
Инчунин ҷонибҳо дар бораи мубодилаи маълумот оид ба тамос бо ҷомеаи тиҷоратӣ барои роҳандозии ҳамкорӣ ва мусоидат ба паҳнкунии глобалии пешниҳодҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории ҳарду ҷониб ва фарогирии маҳсулоти дар ду кишвар истеҳсолшуда дар порталҳои электронӣ ва дар вебсайтҳои Палатаи савдо ва саноат ҷойгир намудани пешниҳодҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ба тавофуқ расиданд.
Дар поёни конфаронси масъулони утоқҳои бозаргонӣ ва саноеи ду кишвар тасмим гирифтанд ҳамкории байни ниҳодҳои марбутро густариш диҳанд.