ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Иттиҳодияи футболи Русия мавқеи УЕФА, федератсияҳои аврупоӣ ва мухлисонро, ки алайҳи таъсиси Суперлигаи аврупоӣ баромад мекунанд, ҷонибдорӣ менамояд.
Дар ин бора Александр Дюков, президенти Иттиҳодияи футболи Русия изҳор дошта, таъкид намуд, ки таъсиси Суперлига низоми рушди футболро барҳам мезанад.
Шаби якшанбе ба душанбе 12 бошгоҳи аврупоӣ - "Манчестер Юнайтед", "Арсенал", "Челси", "Тоттенхэм", "Манчестер Сити", "Ливерпул" (ҳама аз Англия), "Реал Мадрид", "Барселона", "Атлетико" ( Испания), "Интер", "Милан" и "Ювентус" аз таъсиси турнири ҷадиди футбол зери унвони Суперлига хабар доданд.
Инчунин тартиби гузарондани мусобиқаи Суперлига нашр гардид, ки дар он иштироки 20 даста дар назар аст. Аз ин ҳудуди 15 даста узви доимӣ хоҳанд буду 5 дастаи дигар вобаста ба натиҷаҳои нишондодаашон ба сабқат роҳ хоҳанд ёфт.
Президенти Иттиҳодияи футболи Русия алайҳи ташкили Суперлига баромад намуда, изҳор доштааст, ки ин идея мухолифи арзишҳои аслии на танҳо ҷаҳони футбол, балки ҷомеаи аврупоӣ мебошад.
"Турнири ҷадид комилан низоми феълии рушди футболро, ки тайи солҳои зиёд шакл гирифт, барҳам мезанад. Дар низоми феълӣ омили калидӣ баробарӣ ва манофеи тамоми мухлисону иштирокдорони ин бахш мебошад", - изҳор дошт Дюков.
Ӯ таъкид намуд, ки низоми ҷадид дурнамои тимҳои мунтахабу бозигаронашро зери суол мебараду натиҷаҳои кори чандинсолаи Федератсияи байналмилаллӣ ва аврупоиро зери суол мебарад.
"Мо умед дорем, ки бошгоҳҳо мавқеи ягона ҳосил мекунанду комилии мусобиқотро зери хатар намегузоранд", - таъкид кардааст Дюков.