Сарбозони амрикоӣ пас аз хуруҷ дар Афғонистон хоҳанд монд: танҳо дар як ҷой

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида шарҳ дод, ки як қисми ками нерӯҳо пас аз 11 сентябр дар Афғонистон хоҳанд монд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 апр - Sputnik. Ҷузъиёти хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистонро ёвари ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҷейк Салливан дар мусоҳиба бо шабакаи CNN ифшо кард.
Вай гуфт, ки дар тӯли 20 сол Иёлоти Муттаҳида ба ҳадафҳои худ дар ин кишвар расиданд ва "бо онҳое, ки 11 сентябри соли 2001 ба ин кишвар ҳамла карданд, посух доданд".
Роҳбари Пентагон намехоҳад, низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон берун раванд
"Аз он вақт, ҳадафҳо ва вазифаҳо дар ҷанг тағйир ёфтанд, аммо дар мавриди ҳадафҳои бунёдӣ дар ин муноқиша мо ба мақсад расидем. Аз ин рӯ, президент Байден қарор кард, вақти он расидааст, ки ба ин хотима диҳем ва диққати худро ба ҷангҳои оянда, на 20 соли пеш тамаркуз кунем", - хулоса кард ёвари сардори Иёлоти Муттаҳида.
Вокуниши Хадамоти иктишфии Амрико аз хуруҷи низомиёни ин кишвар аз Афғонистон
Сухангӯи президенти ИМА илова кард, ки сарбозон 100% аз Афғонистон бароварда намешаванд.
"Ҳузури низомиёни ИМА дар Афғонистон танҳо барои посбонии сафорат боқӣ хоҳад монд", - илова кард Салливан.
Сиёсатмадор қайд кард, ки бо ин роҳ намояндагии дипломатии Амрико, ки дар ҳамкорӣ бо Афғонистон нақши муҳим дорад, муҳофизат карда мешавад.