ДУШАНБЕ, 19 апр - Sputnik. Сармураббии дастаи футболи Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон КМВА "Помир" Алиёр Ашӯрмамадов баъд аз се бохти пайҳами ин даста дар Қаҳрамонии Тоҷикистон аз вазифаи худ канор рафт.
Иҷрои вазифаи сармураббии дастаро феълан Файзалӣ Давлатов бар уҳда гирифтааст.
Гуфта мешавад, мутахассиси 52-солаи тоҷик бо хоҳиши худ курсии сармураббиро тарк намудааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо истинод ба иттилои саҳифаи расмии даста.
Ин даста дар мавсими аввал се маротиба мағлуб шудааст.
Ҳамин тавр, ИКМВА "Помир" дар оғози мавсими имсола зери роҳбарии Алиёр Ашӯрмамадов аз дастаҳои футболи "Файзаканд", "Эсхата" ва "Хуҷанд" бохт.
Ёдовар мешавем, ки соли 2019 баъд аз рафтани мутахассиси украинӣ Сергей Житскийи 63-сола, Ашӯрмамадов ба мақоми сармураббии дастаи КМВА интихоб гардида буд.
Ин даста ИКМВА "Помир" феълан баъди се бозӣ дар мавсими имсола ягон хол ба даст наоварда, дар охири ҷадвали Қаҳрамонии Тоҷикистон бийни дастаҳои лигаи олӣ қарор дорад.
Алиёр Ашӯрмамадов 20 августи соли 1968 дар шаҳри Қурғонтеппа (ҳозира Бохтар) таваллуд шуда, дастпарвари бошгоҳи футболи “Скиф -1” мебошад.
Ӯ дар давоми фаъолияти футболбозиаш дар дастаҳои "Вахш" (Қурғон-теппа, 1990), "Помир" (Душанбе, 1991—1992), "Локомотив" (Москва, 1993), "Авангард" (Коломна, 1994), "Анжи"(Махачқала, 1995—1998), "Варзоб" (Душанбе, 1999—2000), "Иртиш" (Павлодар, 2001—2002, март-июл 2005), СКА "Помир" (Душанбе, апрел-июл 2004), "Хима" (Душанбе, август 2005—2007) бозӣ кардааст.
Ба сифати мураббӣ таҷрибаи кориро дар дастаҳои “Помир” (ВМКБ-2008), КМВА “Помир” (Душанбе-2009), Тоҷикистон U19-2009-10, “Энергетик” (Душанбе-2010), КМВА “Помир” (Душанбе-2011-12), “Парвоз” (Б.Ғафуров-2013-14), “Далерон-Уротеппа” (Истаравшан-2015), “Ҳосилот” (Фархор-2016-17), “Панҷшер” (Ҷалолиддини Балхӣ-2018-19) пайдо кардааст.