Дастури Ҳакимзода ба масъулин барои ҳалли мушкили мардум

Қурбон Ҳакимзода арзи мардумро гӯш кард ва ба масъулин барои ҳалли проблемаҳои онҳо дастуру супоришҳо дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 апр - Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар толори мақомоти ноҳияи Панҷ шаҳрвандонро қабул карда, арзу шикояташонро шунид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.
Гуфта мешавад, пеш аз шунидани арзи шаҳрвандон раиси вилоят ба ҳозирин оид ба аҳамияти истифодаи самарабахши заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти сабзавот, картошка, вусъати корҳои ободонию созандагӣ изҳори назар кардааст.
"Қабл аз ин ҷо омадан ба аёдати якчанд собиқадори меҳнат рафтам. Бояд ҳар як шаҳрванд ба мисли ин собиқадорон заминҳои худро пурсамар истифода барад. Ташаккур ба онҳо", - гуфтааст раиси вилоят.
Ҳакимзода аз номи Президент як модари ниёзмандро табрик намуда, ба ӯ хона тақдим кард
Бино ба гузориши манбаъ, наздики 20 сокини ноҳияи Панҷ ба қабули раиси вилоят номнавис шудаанд.
Аз ҷумла шаҳрванд Раҷабов Сироҷ оид ба норасоии об барои чарогоҳҳо ва аҳолӣ, баҳси андози заминҳои чарогоҳ муроҷиат кардааст.
Омӯзгор Изомов Аъзам бошад, оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ, ки бо дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорон сохта мешавад, арз кардааст.
Ҳамчунин, хоҷагидор Самиев Бахтиёр оид ба барқарор намудани ҳавзи обтакшинкунӣ, инчунин дигар шаҳвандон дар масъалаи ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, замин барои сохтмони варзишгоҳ, норасоии оби нӯшокӣ, баҳси қитъаи замини зери роҳ, саҳми замини хоҷагии деҳқонӣ, расонидани кумаки иҷтимоӣ ва бо дигар матлабҳо муроҷиат намудаанд.
Ҳакимзода хостори ифтитоҳи пеш аз муҳлати беморхонаи сироятии Данғара шуд
Манбаъ афзуда, ки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оид ба баррасии саривақтӣ ва ҳалли мусбати мушкилиҳои мардум ба масъулон дастур додааст.