Миссияи тиҷорӣ: соҳибкорони Питер дар Душанбе

Ҳудуди 10% - и гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия ба шаҳри Санкт – Петербург рост меояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Евгений Коренков, намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон, ки дар расми ифтитоҳи як нишасти доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Санкт - Петербург суҳбат мекард, гуфт, ин шаҳр ба “сегонаи аввал” – и рейтинги минтақаҳо дохил мешавад, ки бо Тоҷикистон додугирифти тиҷоратӣ доранд.

“Ҳудуди 10% - и ҳаҷми умумии гардиши моли миёни Русияву Тоҷикистон, 72 миллион доллар ба ин шаҳр рост меояд. Ин як нишондиҳандаи хуб аст. Муҳимтарин молҳои тиҷорие, ки аз ин шаҳр ба Тоҷикистон содир шудаанд, карбогидридҳо, техникаи сохтмонӣ ва маишӣ, сабукравҳо ва ғайра ба ҳисоб мераванд”.

Евгений Коренков
намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон
Тибқи иттилои намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон, соли гузашта 67 воҳиди маъмурии Русия бо Тоҷикистон равобити тиҷориву иқтисодӣ доштаанд, ки аз ин шумора 12 адади онҳо 77% - и ҳаҷми умумии гардиши моли миёни ду кишварро ташкил доданд, аз ҷумла вилоятҳои Свердлов, Маскав, шаҳрҳои Маскав, Санкт – Петербург, Самара, Воронеж ва ғайра.
Ҳашт созмони Санкт-Петербург, ба намояндаги аз бахшҳои IT, сохтмон, саноати тибу доруворӣ, ба унвони бахше аз як маъмурият тиҷорӣ, ки бо ҳамкории вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон ташкил шуда буд, аввали ҳафтаи равон вориди шаҳри Душанбе шуда буд.
Русия – шарики тиҷоратии №1, сармоягузори №2 – и Тоҷикистон
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 12 апрел дар ҷараёни мулоқот бо ин ҳайат рӯнамо дар мавзӯи “Имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Портали интерактивии соҳибкор бо соҳибкор (В2В)” – ро пешниҳод кардааст.
Бино ба ин манбаъ, иштирокчиён вобаста ба фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, кишоварзӣ, IT ва дигар соҳаҳо маълумот дарёфт намуда, ҷиҳати роҳандозӣ ва тавсеаи коршарикӣ бо ҳамтоёни тоҷикистонӣ, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак ва содироти молу маҳсулот ба кишвари сеюм изҳори ҳавасмандӣ зоҳир карданд.
Дар ҷараён ин боздид соҳибкорони Санкт-Петербург бо мақомоту вазоратҳои соҳавии Тоҷикистон мулоқотҳо баргузор намуда, ҳамчунин аз чандин майдони тавлиди аз лиҳози стратегӣ муҳимм барои рушди ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва тиҷорӣ бо Тоҷикистон дидан намуданд.
Дар Тоҷикистон, давоми 15 соли ахир бори аввал содирот аз воридот зиёд шуд
Илова бар ин, тафоҳумномае дар мавриди ташкил гуруҳи корӣ, ҳамкорӣ ва таомул байни Палатаи тиҷоративу саноатии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи сармоягузорон ва соҳибкорони тавсеа иқтисодии хориҷии "Ширкати байнулмилалии тиҷорат" – и Санкт-Петербург (Ассотсиатсия) ба имзо расид.
Барнома корӣ дар Душанбе бо баргузории биржаи тамосҳо бо ширкати беш аз 35 соҳибкор, ҳамчунин имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни “Тоҷинвест” ва Ассотсиатсия ба поён расид.
Ин санадро Хуршед Мирзо, директори генералии “Тоҷинвест” ва Марк Руслан, раиси Ассотсиатсия имзо карданд.