ДУШАНБЕ, 17 апр – Sputnik. Ин ҳафта барои мусалмонони Тоҷикистон махсус буд. 13 апрел дар кишвар моҳи мубораки Рамазон оғоз шуд. Дар ҳоле ки сокинон ҳамдигарро бо оғози рӯза табрик мегуфтанд, як чиз хотири онҳоро мушавваш мекард. Имсол низ баробари наздик омадани ин моҳи муборак ва муқаддас нархҳо боло рафтанд.
Харад зам кун, нахарад кам кун
Ҳамин тавр бо оғози Рамазон арзиши равған боло рафт. Як литри он ба 25 сомонӣ баробар гардид, ки ҳамагӣ як ҳафта пештар 18 сомонӣ буд. Далели болоравии нархро харидорону фурӯшандагон ба таври худ шарҳ медоданд. Аммо ин қазия мақоли "Харад зам кун, нахарад кам кун"-ро дар зеҳни кас бедор мекунад.
Ин мавзӯъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ чун хабари доғ чанд рӯз баррасӣ шуд. Ҳатто худи президент ба қимматфурӯшҳо ҳушдор дод.
"Ба хотири фоидаи бештар гирифтан арзиши молро баланд бардоштан, махсусан, дар моҳи шарифи Рамазон гуноҳест, ки дар дини мубини ислом маҳкум карда мешавад", - гуфт раисиҷумҳур.
Бояд хотиррасон шуд, ки ҷаҳиши нарх дар Тоҷикистон чизи нав набуда, давра ба давра такрор мешавад.
Масъалан танҳо дар се моҳи соли равон аксари маводҳои хӯрока гарон шуданд.
Бештар аз ҳама аз аввали сол картошка гарон шуд - арзиши он то 30 дар сад боло рафт. Шакар ва равғани растаниву чарб 7,5 дар сад қимат шуданд. Ҳамчунин сабзавот дар умум 23, 4 дар сад гарон шудаву гӯшт 4,3 дар сад гарон шудааст.
Бино бар иттилои Агентии омор, аз авали ин сол аз маҳсулоти хӯрока ҳамчунин арзиши лимон - 17,1 дар сад, гӯшти гӯсфанд - 10,4 дар сад, равғани пахта - 9,2 дар сад боло рафт.
Бархе маҳсулот аз қабили пиёз, - то 18,2 дар сад, гурунҷ - 2,5 дар сад, орди гардум навъи якум то 1,3 дар сад арзон шудаанд.
Милисаҳои миллипӯш
Қазияи дигаре, ки боиси вокуниши зиёди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин ҳафта гардид, муаррифии либоси нави занони милиса буд.
Дар бораи пӯшоки нави идона ва саҳроӣ Вазорати корҳои дохилӣ расман хабар дод.
Тибқи иттлиои манбаъ, пироҳанҳо аз атлас ва адрас бо услуби миллӣ ва урупоӣ сохта шудаанд. Қайд карда мешавад, ки либоси саҳроӣ барои кормандони милиса дар шакли камуфляж дӯхта шудааст.
Вазорат афзудааст, ки ин либосҳо зимни ифтитоҳи Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ дар Гулистон ба президент Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуданд.
Дар сурати тасдиқ шудан аз ҷониби раисиҷумҳур, занони милиса ин пироҳанҳоро рӯзҳои ид ба бар хоҳанд кард. Ин пешниҳод боиси вокунишу баҳс байни истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ гардид.
Либоси идонаи низомӣ ва саҳроии миллии занонаи корманди милитсия
© ВКД ҶТ
Фаъолони шабакаи иҷтимоии Facebook гуфтанд, дар фасли тобистон ба бар кардани либос аз матои атласу адрас барои бонувони ВКД душвор мешавад, вале зебогии ин матоъ метавонад боиси коҳиши ҷинояткорӣ ва нақзи қонунҳо шавад.
Гурӯҳе аз корбарон таъкид карданд, кору фаъолияти милисаҳои зан чобукию ҷасуриро талаб мекунад ва матое, ҳам, ки аз он бояд либос дӯхта шавад бояд роҳат бошад. Онҳо бо дарки обу ҳавои Тоҷикистон мегӯянд, ҳатто гузашти низомӣ барои бонувон бо ин матоъ душвор мешавад.
"Либос бояд бисёр хизмат кунад, атласу адрас тез нобуд мешаванд. Ин либосҳо, либосҳои идона аст на ин ки низомӣ", - навиштааст Ниссо Очилова.
Корбари дигар пешниҳоди аз атласу адрас дӯхта шудани либоси идонаи занони милисаро дастгирӣ карда, ҳатто барои такмили он ва роҳаттар буданаш пешниҳоди хубе ҳам кардааст.
"Ками дигар тағйирот мехоҳад. Аз ягон матои дигар омода мешуд ва каме аз ин атлас илова мекарданд, хуб мешуд", - пешниҳод кардааст, Даврон Ҳайдарзода.
Дар баробари пешниҳодҳо барои такмили пӯшоки занона милиса, корбарони дигар ин намуди либосро сабаби коҳиш ёфтану таслим шудани худи ҷинояткорон "медонанд".Онҳо мегӯянд чун зебогӣ - қувваи бузург аст, миллипӯш шудани бонувони милиса ҳам метавонад ба нафъи кор бошад."Баъдан шапотӣ хӯрдан аз лейтинантҳои атласпӯши танноз ифтихор мешавад", - навиштааст шӯхиомез Иршод Сулаймонӣ.
Ин дар ҳолест, ки занони миилисаи бархе аз кишварҳо либоси низомиро омехта бо либоси миллӣ ба бар мекунанд.
Женщины-полицейские на параде в честь 93-й годовщины образования полицейских сил в Багдаде, Ирак.
© AFP 2023 / AHMAD AL-RUBAYE
Масъалан дар Ироқ занон ларп сар руймол, яъне ҳиҷоб ва аз болои рӯмол фуражка ба бар мекунанд.
Женщины в форме солдат Вьетконга во время военного парада во Вьетнаме, посвященного празднованию 60-летия победы в Дьенбьенфу над Францией
© AFP 2023 / HOANG DINH NAM
Дар Ветнам бошад занони милиса дар сар панама ва дар гарданҳояшон гарданпечҳои қафасӣ мепартоянд.
Зане, худ ва се фарзандашро кушт
Қазияе, ки дар ин ҳафта ҷомеаи Тоҷикистонро ғамгин кард ва такон дод, фарзандкушӣ буд. Зане дар Панҷакент худ ва се фарзандашро ба дор овехт.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодиса 10 апрели соли 2021, тахминан соати 16:00 рух додааст.
Манбаъ таъкид кард, ки Шаҳло Шарипова, модари 32-солаи се кӯдак дар пайи муноқишаи оилавӣ фарзандонро ба боғ оварда, онҳоро овехта, ба ҳалокат расондааст. Ӯ сипас худкушӣ кардааст.
ВУД тавзеҳ дод, ки Шарипова Шаҳло Эркиновна, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи деҳаи Некноти ҷамоати Рӯдакии шаҳри Панҷакент буд. Ин модар як писари 6-сола ва ду духтараш - қариб як ва чорсоларо куштааст.
"Шарипова бинобар муноқишаи оилавӣ, 3 нафар фарзандони ноболиғашро бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан ба мавзеи "Боғи Ниёз"-и ҳамин деҳа оварда, бо рӯймол дар дарахт овехта онҳоро ба ҳалокат расонидааст ва худро низ бо рӯймол ба дарахт овехта, худкушӣ кардааст, - хабар дод ВУД.
Дертар гузориш дода шуд, ки дар пайи ин ҳодисаи мадҳиш мақомот шавҳари занро дастгир кардаанд. Феълан тафтишот идома дорад.
Кӯҳи "одамхӯр" дар Леваканд
Аммо ба ҳамин хабари шуми ҳафта ба охир нарасид. Мутаассифона, 13-14 апрел ду рӯз пайи ҳам аз як кӯҳе дар Леваканд ҷасади ду хоҳар пайдо гардид.
14 апрел ҷасади хоҳари калонӣ зани 23 - соларо аз кӯҳҳои деҳаи Зартеғи ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Леваканд (собиқ Сарбанд) ёфтаанд.
Наҷотдиҳандагон ҷасадро аз кӯҳҳо бо роҳҳои душворгузари кӯҳӣ, ки ҳудудан 6 километр масофа буд, аз баландии 2000 метр фароварданд.
Як рӯз пеш аз ин ҳодиса, 13 апрел аз ин кӯҳ дар баландии 1500 метр ҷасади хоҳари 16-солаи ӯро пайдо карда буданд.
Ба назар мерасад ду ҳамшира дар як макон ҳалок шудаанд. Далели ҳодиса феълан маълум нест ва мақомот мегӯянд тасдиқ мешавад.
Ёдовар мешавем, зимистони гузашта дар ҳамин минтақа падару писар Солиев Муҳамадбаёни 46 – сола, писараш Солиев Муҳамаддини 15 – сола ва Саидов Рустами 22 – сола, ки ҳамсояи оилаи Солиевҳо мебошад ба ҷустуҷӯйи чорво баромадаву пас аз роҳгумзанӣ дар пайи бориши барфи шадид аз сардӣ ҳалок шуданд.
Ҷасади онҳоро низ он замон наҷотдиҳандагони Кумита пас аз ҷанд рӯз бо фосила дарёфт карданд, ки ях баста буданд.
16 апрел бошад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки аз соҳили дарёи Кофарниҳон дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷасади ду кӯдаки хурсол, яке 4 ва дигаре 5-соларо пайдо кардааст, ки ҳарду хоҳарон будаанд. Кумита ба волидон ҳушдор дод, ки фарзандонашонро беназорат нагузоранд.
Сиёсат: Мирзиёев ба Тоҷикистон меояд. Путин бо Байден мулоқот мекунад? Раҳмон намояндаи САҲА-ро пазируфт
Ҳафтаи равона расонаҳо хабар доданд, ки Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон ба Тоҷикистон сафар мекунад.
Манобеи ҳукуматӣ дар Душанбе гуфтаанд, ки Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 10 то 12 июни имсол ба даъвати ҳамтои тоҷики хеш Эмомалӣ Раҳмон барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Тоҷикистон ба ин кишвар сафар мекунад.
Раисони ҷумҳурии ду кишвар дар ин дидор бо арзёбии сатҳи феълии ҳамкориҳои дуҷониба, созшномаҳои ҷадиде дар бораи тақвияти муносиботи Душанбе ва Тошканд имзо хоҳанд кард. Ин созшномаҳо шомили ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлу нақл, обу энержӣ, кишоварзӣ ва илмю фарҳангӣ хоҳад шуд.
Зимнан ин сафари 4-уми ҷаноби Мирзиёев ба ҳайси раисҷумҳури Ӯзбекистон мебошад. Ӯ пештар низ ба ҳайси нахуствазири ин кишвар ба Тоҷикистон сафар дошт.
Як ҳодисаи дигари сиёсии ҷаҳонӣ сӯҳбати телефонии раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва президенти Амрико Ҷо Байден буд. Дар ҷараёни сӯҳбат Байден ба Путин пешниҳоди дидору мулоқот кардааст.
Бо пешниҳоди Президенти ИМА, мулоқот метавонад моҳҳои наздик дар кишвари сеюм баргузор шавад. Мавзӯи асосии мулоқоти пешниҳодшуда метавонад муҳокимаи маҷмӯи масъалаҳои рӯзномаи дуҷонибаи байни Русия ва ИМА бошад.
Дар ҷараёни муколама раҳбарони Русия ва ИМА суботи стратегӣ, назорати силоҳ ва ҳамлаҳои кибериро баррасӣ карданд.
Байден инчунин аз шиддат гирифтани вазъ дар марзҳои Русия ва Украина изҳори нигаронӣ кардааст.
Ин дувумин пешниҳод аз раисҷумҳури хориҷ аз, ки перзиденти Русия Владимир Путин дар ҳафтаи равон мегирад. Рӯзи душанбе, 12 апрел хабар дода шуд, ки Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина низ ба президенти Русия Владимр Путин пешниҳоди мулоқот кард.
Дар мулоқот Зеленский мехоҳад танишҳо дар шарқи Украинаро баррасӣ кунад.
Тоҷикистон ва САҲА: аз "қаҳрӣ" то "оштӣ"
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бошад дар ин ҳафта бо раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хонум Анн Линде дар Душанбе мулоқот кард.
Ҷонибҳо таҳкиму густариши ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро дар соҳаҳои мухталифи сиёсӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, иқтисоду тиҷорат, маориф, амният ва тағйирёбии иқлим, зарур шумурданд.
Анн Линде, дар навбати худ, ҷониби Тоҷикистонро дар пешбурди мушкилоти ҷаҳонии об дастгирӣ кард ва аз ташаббуси Президент дар бораи "Соли Умумиҷаҳонии Ҳифзи пиряхҳо" таъкид кард. Дар мулоқот ҳамзамон вазъи кунунии робитаҳои Тоҷикистон бо САҲА дар доираи се ченаки фаъолияти Созмон - сиёсию низомӣ, иқтисодию экологӣ ва инсонӣ муҳокима гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки роҳбари САҲА Анн Линде дар доираи сафараш ба Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон омад. Дар мавриди муносиботи Тоҷикистон бо намояндагии САҲА бошад, он моҳи сентябри соли 2016, замоне, ки ҳайати Тоҷикистон ҷаласаи САҲА оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшаваро, ба хотири иштироки аъзоёни ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, тарк кард, хароб шуд.
Соли 2017 дафтарҳои САҲА дар чанд шаҳри Тоҷикистон баста шуданд ва ваколати Дон ба Дафтари барномаҳо иваз карда шуд.Бори охир роҳбари САҲА Мирослав Лайчак моҳи майи соли 2019 ба Тоҷикистон ташриф оварда буд.
Даргузашти Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ: бо рафтанаш "амнияти амнияти эътиқодии мардум як дараҷаи дигар осебпазиртар шуд"
13 апрел, рӯзи сешанбе, дар рӯзи аввали моҳи муқаддас - Рамазон яке аз чеҳраҳои барҷастатарини мазҳабии Тоҷикистон Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ дар синни 80-солагӣ даргузашт. Гуфта мешуд, ин муллои хушном пас аз ифтор ҷон ба Ҷонафарин таслим кард.
Даргузашти домулло Ҳикматуллоҳ ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод. Намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа аз марги рӯҳонӣ изҳори таассуф мекарданд ва домулло Ҳикматуллоҳро яке аз таъсиргузортарин шахсиятҳо дар ахлоқи ҷомеа мегуфтанд.
Тоҷикободӣ то охири умр узви Шӯрои уламо, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, будааст. Аъзои Шӯро мегӯянд, ҳангоми тасмимгирӣ назари ин рӯҳонӣ муҳим ва то ҷое ҳалкунанда шумурда мешуд.
Домулло Ҳикматулло аз рӯҳониёне буд, ки дар водии Рашт мезист ва дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз нерӯҳои исломӣ, ки дар ин минтақа нуфузи зиёд доштанд, ҳимоят накард. Баъдтар ӯ аз ҳукумати кунунӣ дар Тоҷикистон пуштибонӣ кард.
Афзун бар ин, ин шахсият дар назди Ҳукумати Тоҷикистон низ мақоми хос дошт. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафараш ба водии Рашт аз ин ходими дин зиёрат мекард.
Олимону коршиносон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи шахсияти мулло навиштанд. Шоирон дар васфаш шеър эҷод карданд.
Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос ва ходими илмиву ҷамъиятии Тоҷикистон гуфт: "Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ яке аз охирин ва бузургтарин намояндагони муосири мактаби таърихии фиқҳу тасаввуф ва тақво дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мерафт. Мактаби ҳанафии мовароуннаҳрӣ, ки миёни ақидаву фиқҳу шариату тариқат омезиши мавзўне ба вуҷуд оварда буд".