Захарова: сафири ИМА ба ВКХ Русия даъват шуд, сӯҳбат душвор хоҳад буд - видео

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки Русия чӣ гуна посух додан ба ИМА дар мавриди таҳримотро пайдо мекунад
Sputnik
Сафири ИМА дар робита ба таҳримҳои нави аз ҷониби Вашингтон алайҳи Федератсияи Русия ҷорӣшуда ба Вазорати корҳои хориҷии Русия даъват карда шуд.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова хабар дод.
ИМА бо таҳримот бартарияти худро дар ҷаҳон аз даст медиҳад
"Ин сӯҳбат барои ҷониби Амрико мушкил хоҳад буд", - илова кард дипломат.
Захарова инчунин қайд кард, ки Русия дар ояндаи наздик ба таҳримоти нав посух хоҳад дод.
Захарова: Байден фош кард, чӣ қадар аз Русияву Чин метарсад
"Мутахассисони мо ҳоло дар омода кардани посух мустақиман ширкат доранд", - илова кард сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Захарова инчунин таваҷҷӯҳро ба он равона кард, ки Вашингтон барои муносибатҳои вайроншудаи дуҷониба масъул аст ва вазъро дар сиёсати Русия ва Иёлоти Муттаҳида бо калимаи "гиреҳхӯода" тавсиф кард.