Аз хона баромадаву нопадид шуданд: ҷасади ду хоҳари хурдсолро аз соҳили дарё ёфтанд

Кӯдакон аз хона баромадаву нопадид шуданд ва чанде пас ҷасади онҳо аз соҳили дарёи Кофарниҳон ёфт шуд. КҲФ мегӯяд, далели аслии ҳодиса беназорат мондани тифлакон аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Дар ноҳияи Рӯдакӣ аз соҳили дарёи Кофарниҳон ҷасади ду кӯдаки хурдсол пайдо шуд, гузориш медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва ба волидон ҳушдор медиҳад, ки фарзандони ноболиғашонро беназорат нагузоранд.
Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 14 апрели соли 2021 соати 15:00 дақиқа, ду фарзанди як хонавода, ки ҳарду духтар будаву яке 5-сол ва дуюмӣ 4-сол доштанд, аз хона баромаданд ва дигар касе онҳоро надид, куҷо рафтанду чӣ кор карданд.
Ин ҳодиса дар деҳаи Шаббодаи ҷамоати деҳоти Эсамбойи ноҳияи Рӯдакӣ рух дод, меафзояд КҲФ.
Дарёфти пайиҳами ҷасади хоҳарони ҷавон дар кӯҳи Леваканд: мақомот таҳқиқ доранд
Рӯзе пас, яъне 15 – уми апрели соли 2021, соати 14:30 дақиқа хешовандон ва сокинони деҳа тақрибан 20 километр поёнтар аз манзили зист, аз соҳили дарёи Кофарниҳон дар қаламрави деҳаи Гулибодоми ноҳияи Рӯдакӣ ҷасади яке аз ин хоҳаронро пайдо карданд.
Субҳи имрӯз, 16 апрел тақрибан соати 8 дар мавзеъи Насими Кӯҳсор, ки тақрибан 5 км дуртар аз хонаашон мебошад, ҷасади дуюмиро пайдо карданд.
"Сабаби ҳодисаи ёдшуда дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳоло маълум нест, вале яқинан яке аз сабабҳои аслӣ беназорат мондани онҳост", - омадааст дар гузориши КҲФ.
Маврид ба ёдоварист, ки танҳо аз аввали соли равон дар кишвар 16 нафар дар об ғарқ шудаву ба ҳалокат расиданд, ки 4 нафари онҳо кӯдакони ноболиғ буданд. Соли 2020 дар Тоҷикистон 107 нафар ғарқи об шуданд, ки 33 нафари онҳо ноболиғон буданд.
КҲФ ҷасади ҷавонзан, модари ду фарзандро дар Душанбе аз об берун овард
Дар маҷмуъ 30,8 дарсади ғарқшудагони соли 2020 аз 4 то 17 сол умр доштанд. Ва ҷойи нигаронист, ки аксари ноболиғон аз бепарвоии волидон ва беназорат гузоштани онҳо ғарқи об шудаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад фарзандони ноболиғи худро беназорату танҳо нагузоранд ва сабабгори фоҷеаҳои мудҳиш дар хонадони худ нашаванд.