ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) бори дигар таъкид кард, ки мутобиқи тавофуқномаи Доҳа ҳамаи нерӯҳои хориҷӣ бояд Афғонистонро тарк кунанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Сухангӯи Толибон дар паёме навишт, ки бо амал кардан ба тавофуқномаи Доҳа мушкилоти дигар низ ҳал хоҳад шуд.
Сухангӯи Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) афзуд, ки агар нерӯҳои хориҷӣ натавонанд дар таърихи таъйиншуда (аввали моҳи май) аз кишвари мо хориҷ шаванд, мушкилот бештар хоҳад шуд ва касоне, ки натавонистаанд тавофуқномаро риоят кунанд, масъули ин вазъ хоҳанд буд.
Ин дар ҳоле аст, ки рӯзи гузашта рӯзномаи амрикоии “Вашингтон пост” ба нақл аз манобеи огоҳ гузориш дод, ки Байден тасмим дорад тамоми низомиёни амрикоиро то 11 сентябр аз Афғонистон хориҷ кунад.
Бар асоси тавофуқи Доҳа миёни Амрико ва Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) нерӯҳои хориҷӣ бояд то аввали моҳи май аз Афғонистон хориҷ шаванд.