Донандаи 10 забон: тоҷикистонӣ имомхатиби масҷиде дар Хабаровск шуд

Дар Хабаровск зодаи Тоҷикистон Ҳазрати Абдулҳай имом-хатиби масҷиде шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Зодаи Тоҷикистон Ҳазрати Абдулҳай Имонқулов имом-хатиби масҷиди Хабаровск шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти муфтиёти Шарқи Дур.
То таъин шудан Имонқулов ҳафт сол дар Уссурийск ҳамчуни имом хидмат мекард.
Фармон дар бораи таъин шудан ба ин вазифаи масъул дар рӯзи аввали моҳи Рамазон бо пешниҳоди муфтии Шарқи Дур Рамазон Алиев ба имзо расид.
Аз рӯза бе саҳархӯрӣ то нагирифтан дар муҳоҷират: посухи Шӯро ба суолҳои тоҷикистониён
Гуфта мешавад, зодаи 39-солаи Тоҷикистон шаҳрванди Федератсияи Русия буда, номи пурраи ӯ Имонқулов Ҷуманазар Худойназарович аст.
Ӯ оиладор буда, соҳиби шаш фарзанд мебошад. Гуфта мешавад, имомхатиби зодаи Тоҷикистон маълумоти ҳаматарафа - дунявӣ ва динӣ дорад.
Рамазон-2021: тақвими рӯза
Ҳазрати Абдулҳай пас аз шаш соли таҳсил дар Тоҷикистон, Донишкадаи исломии шаҳри Октябри Ҷумҳурии Бошқирдистон ва мадрасаи Буинскии Тотористонро хатм кардааст.
Номбурда ҳамзамон Донишгоҳи федералии Шарқи Дурро дар риштаи забонҳои чинӣ ва англисӣ хатм кардааст.
Муфтии Тоҷикистон дар бораи баргузории намози таровеҳ, ифтор ва рӯзаи муҳоҷирин гуфт
Имомхатиби нав донандаи даҳ забон: русӣ, арабӣ, ӯзбекӣ, тоҷикӣ, тоторӣ, қирғизӣ, туркӣ, озарбойҷонӣ, чинӣ ва англисӣ мебошад.
Аз соли 2007 то 2014 Ҳазрати Абдулҳай ба ҳайси имом дар Уссурийски қаламрави Приморск хидмат менамуд.
Маҳдудиятҳои баъди ковидӣ дар моҳи шарифи Рамазон - 2021 дар Тоҷикистон
Баъд аз он, ду сол дар Маскав кор карда, аз соли 2016 то 2020 ӯ дар вилояти Томск ба ҳайси имом хидмат кардааст.
Соли 2021 вай ёвари муфтии Шарқи Дур ва имом-хатиби масҷиди Хабаровск таъин шуд.