ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Дар Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" чор корхонаи истеҳсолӣ - ҶДММ "Ғаюрсаноат", ҶДММ "Ауфен", ҶДММ "Тоҷпласт-1" ва ҶДММ "Шенси" ба баҳрабардорӣ расид, ки ду тои онҳо бо сармуягузориҳои Чин ва дуи дигар бо маблағи ватанӣ сохта шудаанд.
Бино ба гузориши Вазорати рушди иқтисод, ин чорабинӣ бо ширкати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, ёвари президент оид ба масъалаҳои кадрҳо Раҳмон Асадулло, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва вазири рушди иқтисод Завқизода Завқӣ Амин баргузор шуд.
ҶДММ "Ғаюрсаноат" - 30 кас соҳиби ҷои кор
Бино ба гузориши Вазорати рушди иқтисод, ҶДММ "Ғаюрсаноат" бо сармоягузориҳои ватанӣ дар ҳаҷми 26 млн.сомонӣ бо таъсиси 30 ҷойи кории доимӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Корхона зиёда аз 20 намуд маҳсулоти рақобатпазир ва хушсифати ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ, хусусан 4 намуд ранги эмулсонӣ, 3 намуд ранги синтетикӣ, 4 намуд таҳранг, 6 намуд андоваи ороишӣ, калсид (зарачаҳои мармарӣ) ва барои эҳтиёҷоти худ сатилҳои пластикӣ ва қуттиҳои оҳанин истеҳсол мекунад.
Тибқи иттилои манбаъ, иқтидори истеҳсолии корхона ба 13,5 ҳазор тонна маҳсулот баробар мебошад.
Дар семоҳаи аввали соли 2021 аз тарафи корхона ба маблағи зиёда аз 217 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.
ҶДММ "Ауфен" - маҳсулот ба Русия ва Афғонистон меравад
Ба гузориши Вазорати рушди иқтисод, корхонаи истеҳсолии ҶДММ "Ауфен" оид ба коркарди металл ва истеҳсоли конструксияҳои металлӣ дар масоҳати 4 га қитъаи замини МОИ "Данғара" бо сармоягузориҳои Чин дар ҳаҷми 15 млн. доллар ташкил карда шудааст.
Ҳаҷми истеҳсолоти солонаи корхона тибқи бизнес-нақша коркарди 120 000 тонна металлро ташкил дода, дар он таъсиси 82 ҷойҳои корӣ ва дар оянда барои 200 нафар пешбинӣ гардидааст.
Манбаъ афзуда, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар семоҳаи аввали соли 2021 зиёда аз 1,5 млн. сомониро ташкил дод.
Маҳсулоти корхонаи мазкур дорои сифати баланди ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ буда, ба таъмини талаботи бозори дохилӣ ва содирот ба кишварҳои минтақа аз ҷумла Афғонистон ва Русия равона карда шудааст.
ҶДММ "Шенси"
Ширкати осиёмиёнагии саноати ангишту кимиё ва сохтмониву сармоягузории "Шенси" аз ҷониби сармоягузорони Чин бо ҷалби 22,8 млн. доллар сохта ба истифода дода шудааст.
Самти фаъолияти он ба бунёди зеристгоҳи барқии 220/35/10 кВ, ду хати интиқоли барқи 220 кВ аз зеристгоҳи барқии "Шар-Шар" ва НБО "Сангтуда -1" ва таъмини корхонаҳои истеҳсолии минтақаи озоди иқтисодӣ ва ноҳияи Данғара нигаронида шудааст.
Корхона дар қитъаи замини масоҳаташ 2 га бо таъсиси 30 ҷойи корӣ ва иқтидори истеҳсолии 250 МГВт сохта шуда, ҳаҷми хизматрасонӣ дар семоҳаи аввали соли 2021 зиёда аз 600 ҳазор сомониро ташкил дод.
ҶДММ “Тоҷпласт-1”
Вазорати рушди иқтисод мегӯяд, корхонаи истеҳсолии ҶДММ “Тоҷпласт-1” оид ба истеҳсоли қубурҳои полиэтинелӣ дар масоҳати 1 га қитъаи замин бо ҷалби 12,4 млн.сомонӣ сармоягузориҳои ватанӣ ташкил карда шудааст.
Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона 50 ҳазор метр қубурҳои гуногуни полиэтилении қутрашон аз 16 мм то 500 мм буда, дар корхона барои 10 нафар ҷойи кории доимӣ таъсис дода шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар семоҳаи аввали соли 2021 - 4,5 млн. сомониро ташкил дода, бинобар рақобатпазирии баланд дар бозори ватанӣ ва хориҷӣ дар дохил ва берун аз кишвар ба фурӯш бароварда мешавад.
Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара"
Феълан дар Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" ҳамагӣ 26 ширкати ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 13 субъект дар самти истеҳсоли маводҳои шустушӯӣ, пистаи мавсимӣ, металлоконструксия, бетон, коркарди қуму шағал, қубурҳои пластикӣ, рангубори сохтмонӣ, андоваҳои ороишӣ ва ранги синтетикӣ ва содироти он фаъолияти худро ба роҳ монда, 10 субъект барои оғоз намудани фаъолият омодагӣ дида истодаанд.
Ҳаҷми сармоягузорӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" аз оғози фаъолияти он ба 1,8 млрд сомонӣ баробар гардида, дар ин давра аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолии он ба маблағи 125 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.
Дар маҷмуъ аз оғози фаъолият шумораи ҷойҳои доимии корӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ба 365 нафар баробар гардидааст.
Ҳамзамон аз ҷониби маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ 1600 метр роҳи дохилӣ асвалтпуш карда шуда, масоҳати умумии роҳҳои дохилии асвалтпуш кардашудаи минтақа ба 3400 метр расид.