Роҳи мошингарди Обигарм-Нурободро ширкати чинӣ месозад

Ширкати чинӣ ба сохтмони роҳи автомобилгарди Обигарм - Нуробод шурӯъ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Дар Тоҷикистон Чин ба сохтмони роҳи мошингарди Обигарм-Нуробод шурӯъ мекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ин бора Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон бо намояндаи ваколатдори ширкати чинии "Hunan Road & Bridge Construction Group Company Limited" Луи Фей қарордод ба имзо расонидааст.
Дар Тоҷикистон бо 350 миллион доллар роҳҳоро бозсозӣ мекунанд
Вазорат гуфтааст, ки лоиҳаи мазкур дар се марҳила амалӣ мешавад
Марҳилаи аввал сохтмони 30,2 километри роҳи асосии Обигарм - Тагикамарро дар бар мегирад.
Пас аз он сохтмони ду нақб бо дарозии 1,6 ва 1,7 километр, инчунин панҷ пули нав ва таҷдиди як пули дигар оғоз мешавад.
Гуфта мешавад, арзиши лоиҳа 178,1 миллион долларро ташкил медиҳад.
Сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои бунёди ин роҳ, Гранти Бонки Осиёгии Рушд – 110 миллион доллар, Қарзи Фонди ОПЕК – 40 миллион доллар, Ҳиссаи Ҳукумати ҶТ– 28,1 миллион доллар мебошад.
Бӯри Карим: бо насби трубинаҳои дигари "Роғун" қисме аз роҳи атрофи он зери об меравад
Бояд қайд кард, ки роҳи мавҷуда дар минтақаи зериобмонандаи обанбори НБО Роғун ҷойгир аст.
Ба гуфтаи мутахассисон, татбиқи ин лоиҳаро пеш аз пур шудани обанбор ба анҷом расонидан лозим аст, чун ин роҳ Душанберо ба шарқи кишвар мепайвандад.