ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Паҳлавони шинохтаи тоҷик Далер Ризозода дар Қаҳрамонии Осиё оид ба гуштин, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон идома дорад, ҷойи дуюмро сазовор шуд.
Ба иттили Кумитаи миллии олимпии кишвар, ӯ дар вазни 77 кило қувваозмоиро аз даври чорякниҳоӣ оғоз карда, бар Муҳаммадбердӣ Мамедови туркманистонӣ, дар нимфинал бар намояндаи Қазоқистон Дамеу Жадраев пирӯз шуд ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.
Ба иттилои манбаъ, Ризозода бо сабаби лат бардоштан натавонист дар финал нерӯ санҷад.
Ду варзишгари дигар – Асламҷон Азизов дар вазни 55 кило ва Тоҳирҷон Охунов дар вазни 87 кило ҷои панҷумро гирифтанд.
Имрӯз – 14 апрел – қувваозмоиҳои гуштини юнонӣ-римӣ дар панҷ вазни дигар идома меёбад, ки паҳлавонони тоҷик низ иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Далер Ризозода соли 2019 медали нуқраи Қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва медали биринҷии Қаҳрамонии Осиё миёни ҷавононро сазовор гардидааст.
Қаҳрамонии Осиё соли 1979 инҷониб миёни мардон ва дар байни занон аз соли 1996 инҷониб гузаронида мешаванд.