Байден Путинро ба ҳамкорӣ дар мавриди Афғонистон даъват кард

Дар ҷараёни муколама ба президентҳои Русия ва ИМА муяссар шуд, ки якчанд масъалаҳои муҳими сиёсати хориҷиро баррасӣ кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 апрел - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ва президенти ИМА Ҷозеф Байден гуфтушунид карданд, муколама бо ташаббуси ИМА сурат гирифт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кремл.
Ҷозеф Байден барои ба эътидол овардани вазъи корҳо дар ҳамкориҳои дуҷониба изҳори ҳавасмандӣ кард.
Байден ба Путин пешниҳоди мулоқот кардааст
Аз ҷумла, президенти ИМА пешниҳод кардааст, ки оид ба вазъи Афғонистон ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад.
Пешниҳод шуд, ки мулоқоти эҳтимолии Путин ва Байден ба ин мавзӯъ, инчунин ба назорати силоҳ, барномаи ҳастаии Эрон ва тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ бахшида шавад.
Дархости созмонҳои амрикоӣ аз Байден барои худдорӣ аз ташдиди таниш бо Русия
Инчунин, Ҷозеф Байден даъвати қаблан ирсолшударо ба президенти Русия барои иштирок дар Саммити Иқлим, ки рӯзҳои 22-23 апрел тавассути видеоконфронс баргузор мешавад, тасдиқ кард.