ДУШАНБЕ, 14 апрел - Sputnik. Президенти ИМА Ҷо Байден ва президенти Русия Владимир Путин гуфтугӯи телефонӣ доир кардаанд, хабар медиҳад Кохи Сафед.
Дар ҷараёни сӯҳбат Байден ба Путин пешниҳоди дидору мулоқот кардааст.
Бо пешниҳоди Президенти ИМА, мулоқот метавонад моҳҳои наздик дар кишвари сеюм баргузор шавад.
Мавзӯи асосии мулоқоти пешниҳодшуда метавонад муҳокимаи маҷмӯи масъалаҳои рӯзномаи дуҷонибаи байни Русия ва ИМА бошад.
Дар ҷараёни муколама раҳбарони Русия ва ИМА суботи стратегӣ, назорати силоҳ ва ҳамлаҳои кибериро баррасӣ карданд.
Байден инчунин аз шиддат гирифтани вазъ дар марзҳои Русия ва Украина изҳори нигаронӣ кардааст.