ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия гуфт, шахсияти яке аз 6 ҳалокшуда дар шаҳри Ваҳдат – марди тахминан 35 – 40 - сола то ҳол номаълум мебошад.
Манбаъ зикр намуд, ки шоми 11 март, Ҷамшедҷон Худойбердиев, ронандаи 30-солаи мошини “Опел-Астра”, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Ваҳдат ба Норак, дар ҳудуди деҳаи Суғдиён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
ВУД илова намуд, ки дар натиҷа “Опел” ба мошини боркаши “Камаз”, таҳти идораи Шарифов Сайдалӣ, сокини 38-солаи ноҳияи Фархор, бархӯрдаст.
Дар пайи бархӯрд ронандаи “Опел-Астра”, Худойбердиев ва мусофиронаш Зикруллоеваҳо Савриниссои 45-сола ва Зуҳрои 6-сола, сокинони Кӯлоб, Раҳимов Иброҳими 57-сола ва Абдиев Ҳабибуллои 43-сола, сокинони ноҳияи Муъминобод дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. ВУД афзуд, ҳуввияти қурбонии панҷуми ин садама, марди тахминан 35-40-сола то ҳол номаълум мебошад.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.