Дастури Ҷӯразода ба масъулин: мавзеъҳои сайёҳӣ тоза ва дар интернет тарғиб шаванд

Кумитаи рушди сайёҳӣл мегӯяд, барои рушди саёҳӣ бояд маҳалҳои сайёҳӣ пок ва дар интернет тарғиб шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Дар Душанбе аз фаъолияти семоҳаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумат натиҷагирӣ карда шуд.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовара раиси Кумита Тоҷиддин Ҷӯразода ширкат ва суханронӣ кард.
Ӯ ба масъулин барои рушди ин соҳа дастур доа гуфт, масъулини соҳаро дар маҳал зарур аст, таҳлилҳоро сари вақт пешниҳод кунанд ва хатсайрҳои сайёҳиро тарғиб намоянд.
"Вазъи тозагии мавзеъҳои сайёҳӣ, тарғиби имконияти сайёҳии шаҳру ноҳияҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, таъмини иҷрои супоришҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ ва таҳияи босифати санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба фаъолияти худ тақвият бахшанд", - гуфт ӯ.
Ҳамчунин дар ин ҷаласа зикр шуд, ки соли равон Тоҷикистон мизбони чандин барномаҳои сатҳи баланди сайёҳӣ, мегардад.
Ҷӯразода гуфт, сайёҳии дохилӣ дар Тоҷикистон фоидаовар нест
Ҳамин тарв дар Тоҷикистон, Форуми байналмилалии рушди агротуризм, дар доираи таҷлили 20 — солагии СҲШ, ташкили форуми сайёҳии СҲШ, ҷаласаи вохӯрии роҳбарони маъмурияти сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мешавад.
Ҳамчунин кишвар мизбони фестивали хӯрокҳои миллии кишварҳои СҲШ, дар доираи эълон гардидани шаҳри Душанбе — пойтахти сайёҳии ЭКО барои солҳои 2020-2021 гузаронидани Фестивали байналмилалии "Душанбе-пойтахти сайёҳии ЭКО" мегардад.
Ҷӯразода афзуд, ки Ҳукумати ба рушди сайёҳӣ аҳамияти махсус зоҳир менамояд ва дар ин замина бо мақсади тавсеаи инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконият ва захираҳои сайёҳии мамлакат ба оламиён тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида мешаванд.