Пирӯзии паҳлавонҳои тоҷик дар сабқат барои ҷоизаи раисиҷумҳури Ӯзбекистон

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, паҳлавонҳои кишвар аз сабқат барои ҷоизаи раисиҷумҳури Ӯзбекистон бо 4 медал баргаштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба кураш барои ҷоизаи Президенти ҷумҳурии Ӯзбекистон паҳлавонони тоҷик 1 медали тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст оварданд.
Манбаъ афзуд, ки мусобиқаи 15-уми байналмилалӣ ба хотираи Ҳаким Тирмизӣ дар шаҳри Тирмиз аз рӯи панҷ категорияи вазнӣ бо иштироки беш аз 150 паҳлавон аз 30 давлат сурат гирифт.
Миллипӯшони тоҷик қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии кураш шуданд
"Медали тиллоро дар ҳайати Тоҷикистон, Муҳаммадризо Қувватов дар вазни то 60 кило сазовор шуд. Ӯ дар қувваозмоии финалӣ Абдулазиз Ҳамроеви ӯзбекистониро мағлуб кард", - омадааст дар иттилоия.
Кумита илова кард, ки Додохон Қурбоналиев дар вазни мутлақ медали нуқра ба гардан овехт. Ҳусайн Илсоҳзода дар вазни то 73 кило ва Неъматулло Арслонқулов дар вазни мутлақ медалҳои биринҷӣ гирифтанд.
Таъкид шудааст, ки ғолибон бо медал ва ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.