ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври ниҳоии озмуни "Беҳтарин донандаи китоби "Тоҷикон" баргузор шуд.
Озмун дар се давр баргузор шуда, 7 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд ва ҳар иштирокчӣ ба 10 саволи ҳакамон ҷавоб гуфт.
Муфаттиши прокуратураи ноҳияи Роштқалъа Сиёвуш Маҳмуродов ба ҳамаи суолҳои ҳакамон ҷавобҳои саҳеҳ, дақиқу комил дода, мақоми аввалро соҳиб шуд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Тибқи иттилои манбаъ, дар озмун кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустию фарҳангӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳову коллеҷҳо ширкат намуданд.
Раиси ҳакамони озмуни мазкур, доктори илмҳои филологӣ, профессор Назрӣ Офаридаев гуфт, ки "китоби "Тоҷикон"-и мутафаккири шинохта, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров яке аз намунаҳои барҷаста ва боарзиш дар илми таърихшиносӣ буда, дар он на танҳо таърихи халқи тоҷик, балки таърихи тамоми инсоният аз давраи ҷамъияти ибтидоӣ то давраи муосир инъикос гардидааст".
Узви дигари ҳайати ҳакамони озмун, номзади илмҳои таърих Аловиддин Шоинбеков аз он изҳори хушнудӣ кард, ки бештари иштирокдорони ин озмунро ҷавонон ташкил доданд.
“Ин моро ба оянда боз ҳам бештар хушбин месозад. Зеро ояндаи Ватан дар дасти ҳамин ҷавонон аст. Агар онҳо ҳар қадар дар бораи таърихи гузаштаи худ маълумоти бештар дошта бошанд, ояндаро бунёд кардан барояшон ҳамон қадар осонтар хоҳад буд”,-гуфт мавсуф.
Манбаъ афзуда, ғолибони озмуни "Беҳтарин донандаи китоби "Тоҷикон" бо диплом, ифтихорнома ва мукофоти пулии раиси шаҳри Хоруғ сарфароз гардонида шуданд.